Ковишҳои бостоншиносӣ дар Қалъаи «Ҳалевард»


  Кофир Қалъа - «Ҳалевард» дар асрҳои 1-3 сохта шуда то асри 8 мавқеият доштааст. Таърихшиносон бар он назаранд, ки дар асрҳои миёна ин Қалъа маркази маъмурии минтақаи Вахш ба шумор мерафт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои Ҳалевард, Ҳеловард, Ҳалавард ва Ҳаловард ёд гардидааст. Яъне, Ҳале – бузург ва вард-шаҳр маънои Бузургшаҳрро дорад.

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - КИРДОРИ ЗИДДИҲУҚУҚӢ

         Оила яке аз рукнҳои муқаддас ва муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, муносибаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дар бар мегирад. Дар ин замина, санаи 26 июли соли 2024 дар толори китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, ахборотчии ташкилоти ҷамъиятии «Оксана» Саодат Аллаёрова ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо мизи мудаввар оид ба мавзӯи «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир гардид. Дар оғоз муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ қайд намуд, ки зӯроварӣ дар оила ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила буда, ба шакли ҷисмонӣ инъикос меёбад.

 ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС

    Санаи 24 июли соли 2024, аз тарафи ташкилоти "Хайрияи Тоҷикистон" бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва роҳбари ташкилоти зикргардида Дилшодов Умар дар деҳаи Телмони Ҷамоати деҳоти Золи Зар барои бунёди шаҳрча санги асос гузошта шуд. Дар ин мавзеъ барои ятимони кулли ноҳия хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, инчунин инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ таъмин карда мешавад.

 

                            ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

  Либос дорои хусусиёти хос буда, дар рушду такомули ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии инсон нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд гурӯҳи корӣ доир гардида, оид ба мавзӯи пешгирӣ аз фарҳанги бегона дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд байни шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар рафти вохурӣ ќайд гардид, ки мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон нагарданд. Имрӯзҳо баъзе занону духтарони мо майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Пӯшидани сатр ва ҳиҷоб, ки имрӯз мушоҳида мешавад ба мардуми мо куллан бегона буда, ба либоси миллии мо робитае надошт. Либос дар замири инсон ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу рафтори ҳамидаро ҷой карда, инсонро водор месозад, ки хушбину хушрафтор бошад ва инчунин инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст.

БАРГУЗОРИИ СИТОД ОИД БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Пайёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. 

                                 БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ОБОДОНӢ

   Рӯзи 6 июли соли 2024 ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни "Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаи истиқоматӣ" ва амалишавии Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, дар тамоми қаламрави ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ аз тарафи кормандони ташкилоту муассиса, идораву корхона, сокинони шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ба таври оммавӣ ба ҳашари ободонӣ баромада, назди биноҳои корӣ, хонаҳои истиқоматӣ корҳои тозагӣ амалӣ карда шуда, дар шоҳроҳи байналмилалӣ қад-қади роҳҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуд.

 

 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ

    Рӯзи 27 июни соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло чорабинии идона бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар оғоз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Раиси ноҳия аз ҷумла қайд намуд, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ аз кишваре, ки варо хатари парокандагӣ ва нестӣ таҳдид мекард мо тавонистем кишвари воҳиди дорои иқтидорҳои энергетикию коммуникатсионӣ, иқтисодиёти рӯ ба рушд ва фарҳанги пешрафтаву низоми сиёсии устуворро бунёд гузорем, ки дар ин росто ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз ин дастовардҳо бархурдор гардидааст. 

                                       МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ ЗАРУРИИ НЕРУМАНД

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 - ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳадафи асосии давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Маврид ба зикри хос аст, ки тибқи фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ гардидааст, ки тибқи он бояд сохторҳои вазорату идораҳо дар шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла ҷиҳати дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКСИЯИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ» БО ҶАЛБИ АҲОЛӢ ВА КОРХОНАВУ ТАШКИЛОТҲО

     Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлоли ватан ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзҳои 7-8 июни соли ҷорӣ дар ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» баргузор карда шуд. Дар аксияи «Тозагии маҳал» кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо, маориф, соҳаи тандурустӣ ва сокинон, иштирок намуда, назди корхонаҳои худ ва кӯчаи марказиро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтону гулу буттаҳоро нарм намуданд. 

                                    УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

     Рӯзи 7 июни соли 2024 дар кӯчаҳои деҳаҳои Румӣ ва Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини ҷамоати мазкур усули "Хона ба хона" бо занони хонанишин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ, хариду фурӯши одамон, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо хос набуда, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, қонуншиканӣ ва ҷиноят дар байни занону духтарон, худкушию худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, фаро гирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, даст назадан ба амалҳои коррупсионӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар як шахс мебошад.

 

 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031