ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Ҳамасола, ба оғози фасли баҳор рост омадани Рӯзи модар рамзи шукуфоӣ ва зебоӣ буда, ба ҷаҳони маънавии ҳар фарди ҷомеа эҳсоси гармии муҳаббат ва самимият мебахшад. Ин ҷашн, ки мақому манзалати зан-модарро арҷгузорӣ менамояд, дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, 7 марти соли 2025, дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ роҳбарияти ноҳия, фаъолони ҷомеа, зиёиён ва бонувони пешқадам иштирок доштанд. Чорабинӣ бо суханронии табрикотии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло оғоз ёфт. Ӯ тамоми модарону бонувонро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, нақши занонро дар рушди ҷомеа таъкид намуд.
Раиси ноҳия зикр кард, ки имрӯз бонувони тоҷик дар баробари тарбияи фарзандони солеҳ, инчунин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, илму маориф, тиб, иқтисодиёт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона саҳм мегузоранд. Дар идомаи ҳамоиш , як гурӯҳ занони фаъоли ноҳия барои хизматҳои шоиста ва фаъолияти назаррасашон бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва вилоят сурат гирифт. Суруду таронаҳои дилнишин, ки васфи Зан-Модарро тараннум мекарданд, фазои идонаро рангу нур бахшиданд.