ҲУШДОРИИ МАСЪУЛИН АЗ АФЗОИШИ ФАРҲАНГИ БЕГОНАПАРАСТӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"
Санаи 11 июни соли 2025 дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муҳим таҳти унвони "Деҳа ба деҳа" баргузор гардид. Ин мулоқот бо иштироки муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, масъулини ҷамоат ва сокинони маҳаллӣ баргузор шуда, ба масоили муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ бахшида шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи хос ба масъалаи доғи рӯз - тақлид ба фарҳанг ва мӯдҳои бегона, бахусус дар миёни ҷавонон равона гардид.
Масъулин бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши майли ҷавонон ба пӯшидани либосҳои бегона ва дуршавӣ аз арзишҳои миллӣ таъкид намуданд, ки либоси миллӣ на танҳо анъана, балки рамзи ҳувияти тоҷикон ва ифтихори фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки тақлидкории кӯр-кӯрона метавонад заминасозӣ барои канда шудани робитаи наслҳои нав бо решаҳои фарҳангӣ ва заъиф шудани худшиносии миллӣ гардад. Ҳамзамон, истифодаи оқилонаи захираҳои маҳаллӣ, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, яке аз мавзуъҳои муҳими баррасишуда буд.
Қайд гардид, ки истифодаи дурусту ҳадафмандона аз ин имконот метавонад дар беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодии оилаҳо ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим бозад. Мавзӯи дигаре, ки дар фазои самимӣ ва ошкорои суҳбат муҳокима шуд, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, бахусус дар мавсими гармо буд. Масъулин бо овардани далелҳои равшан зарурати риояи қоидаҳои истифодаи самараноки энергия ва эҳтиёткорӣ нисбат ба сарфаи он дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардумро таъкид карданд.
Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот хатарҳои идеологии замони муосир, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва паёмадҳои хатарноки он ба амнияти ҷомеа мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки маориф, тарбияи ватанпарварона ва маърифати ҳуқуқӣ метавонанд ҷавобҳои муассир ба чунин таҳдидҳо бошанд. Мулоқот бо ибрози сипосгузорӣ аз ҷониби аҳолӣ, пешниҳодҳои созанда ва ҳамчунин хоҳиши идомаи чунин вохӯриҳо дар дигар деҳаҳо низ ҷамъбаст гардид.