“ҲАР САҲАР МЕХЕЗАМУ ЁДАМ БА ЁДИ МОДАРАМ”
Таҳти чунин унвон бахшида ба “Рӯзи Модар” 5-уми марти соли равон дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
ҚАДРДОНИИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ "НАВИДИ БАЛХ" ДАР АРАФАИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Дар остонаи 113-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ибодуллоҳ Одиназода барои фаъолияти пурсамари эҷодӣ, саҳми арзанда дар рушди матбуоти миллӣ ва таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ
Ҳунар яке аз сармояҳои бебаҳои инсон аст, ки онро бо ҳеҷ гуна дороӣ, сарват ё симу зар иваз кардан ё харидан мумкин нест. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ ва соҳибэҳтиром мегардонад. Одаме, ки ҳунар дорад, метавонад дар ҳама ҳолат барои худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунад ва мустақилона рӯзгори худро пеш барад.
ФЕСТИВАЛИ "САД РАНГИ ЧАКАН" ВА ДАСТПУХТИ КАДБОНУВОН
Тибқи нақшаи чора биниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 1 марти соли равон дар Хона-мӯзейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовинони раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва Шукурзода Шаҳло, бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ фестивали “Сад ранги чакан” ва озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.
ВОХӮРИИ МУФИД БО ХОДИМОНИ ДИН
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангомӣ вохӯрӣ бо ходимони дин, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардида буд, 26 феврали соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ семинари омӯзишӣ оид ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ” баргузор гардид.