НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ҶОМЕА - ЗАМИНАИ ПЕШРАФТ ВА СУЛҲУ ОСОИШ
сентябрь 05 2025

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ҶОМЕА - ЗАМИНАИ ПЕШРАФТ ВА СУЛҲУ ОСОИШ

                        ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ҶОМЕА - ЗАМИНАИ ПЕШРАФТ ВА СУЛҲУ ОСОИШ

                  Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дастоварди нодири миллати тоҷик буда, ифодаи ҳувият, озодӣ ва соҳибдавлатии халқ аст. Ин рӯйдод на танҳо таърихист, балки марҳилаи муҳими тағйирот дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад. Истиқлол ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян кунад, ҳадафҳои рушдро тарҳрезӣ намояд ва муносибат бо дигар кишварҳоро дар асоси манфиатҳои миллӣ барқарор созад.

Дар тӯли 34 - сол Истиқлол таърихи давлатсозии муосири Тоҷикистонро ташкил дода, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими он беандоза нишонрас бозгӯ менамояд. Сарвари давлат бо раҳбарӣ ва ғамхории худ ҷомеаро муттаҳид намуда, кишварро аз вартаи бӯҳронҳо наҷот дода, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардааст.

Ҳамзамон, Истиқлол имкон дод, ки соҳаҳои илму фарҳанг ва маориф рушд ёбанд, ҷавонон бо маърифати миллӣ шинос гарданд ва аҳли ҷомеа ҳисси масъулияту соҳибватаниро бар худ тақвият диҳанд. Истиқлол ташаккули низоми нави сиёсӣ ва давлатдории муосирро фароҳам овард. Ҳокимияти президентӣ ҳамчун модели идораи давлат қабул гардида, интихоботи озоду шаффоф таҳким дода шуд. Ҳокимияти қонунгузорӣ ва судӣ низ мустақил гардида, нақши муҳим дар рушди қонунгузорӣ ва таъмини адолати судӣ доранд. Бо рушди Истиқлол, ҷомеа барои иштироки фаъолона дар қабули қарорҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон шароит пайдо кард.

 Истиқлол, инчунин ба рушди иқтисоди миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум таъсири бузург гузошт. Сохтмони инфрасохтор, рушди саноат ва кишоварзӣ, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои Истиқлол мебошанд. Ин ҳама имкон доданд, ки Тоҷикистон тавонад на танҳо мустақилона фаъолият кунад, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва боэътимод эътироф гардад. Дастовардҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ бо талошҳои Роҳбари давлат муаррифӣ гардида, фарҳанг ва суннатҳои мо шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтаанд.

Ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз ва Рӯзи Истиқлол, бо саҳми давлат дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд, фарҳанг ва таърихи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ин дастоварди бузург - Истиқлол ва озодиро ҳифз намояд ва барои пойдории он саҳмгузор бошад. Истиқлол неъмати бузург ва имкониятест барои амалӣ сохтани орзую ормонҳои миллӣ. Ин барои рушди иқтисоди миллӣ, беҳбудии зиндагии мардум ва тақвияти ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ замина фароҳам меорад. Ҳифзи Истиқлол масъулияти ҳар як фарди боору номуси Тоҷикистон аст, зеро он рамзи қудрат, ваҳдат ва соҳибдавлатии мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд бо ҳисси ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ барои тақвияти давлатдории худ кӯшиш намояд ва арзишҳои Истиқлолро ба наслҳои оянда мунтазам расонад. Онро ҳамчун рушди ҷомеа заминаи пешрафт ва сулҳу осоиш арзёбӣ намуда, дар роҳи ҳифзаш ҷоннисор бошад. Усмонзода Сайдаҳмад Бобокалон, судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балх

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 05 сентябрь 2025 14:37
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 116
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
20 январь 2025
Асосӣ
ПАЁМ - РОҲНАМОИ РУШДИ

Паёми навбатии Асосгузори сул ҳ у ва ҳ дати милл ӣ - Пешвои миллат , Президенти Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон му ҳ

Маълумоти бештар
17 ноябрь 2022
Президент
ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ Дар таърихи давлатдории миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930