«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН»
Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар шаҳру навоҳии кишвар Фестивали умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад, ки дар доираи он як қатор маҳфилу чорабиниҳо баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла санаи 4 апрели соли 2023 дар толори китобхонаи марказии ноҳия дар якҷоягӣ бо китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида ба 145-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддини Айнӣ баргузор гардиданд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, директори китобхонаи марказӣ Имомзода Адолат, адиб ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Ибодуллоҳ Одиназода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдухолиқ Розиқов, мудирони филиалҳои китобхона ва кӯдакону наврасон иштирок доштанд.