БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/БПНМ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!
Ҳамасола рӯзи 1 декабр, ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ қайд карда мешавад. Дар ин рӯз аз тарафи кормандони Маркази пешгирии бемории ВНМО/БПНМ дар назди бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аксия таҳти унвони «Бар зидди бемории ВНМО/БПМН дастаљамъона мубориза мебарем», баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони Маркази пешгирии бемории ВНМО/БПНМ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иштирок доштанд. Аз тарафи мутахассисони соҳа оид ба ин беморӣ бо тариқи ройгон 98 нафарро аз ташхис гузарониданд. Корманди маркази зикршуда Ҳусниддин Ризоев дар чорабинӣ маъруза намуда, ҳамзамон ба иштирокчиён 800 адад варақаҳои иттилоотӣ ва айёниятҳо оид ба мубориза бо ин беморӣ тақсим намуд.