НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 19.09.2022

   БАРОИ ҲИМОЯИ ИН МАРЗУ БУМ ҲАМЕША ТАЙЁР ҲАСТЕМ! Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем! Имрӯз, ки ҳамсояи мо аҳдшиканона ба марзи Ватан ҳуҷум овардааст, бояд ҳар хурду бузург, пиру барно дар ҳимояи кишвар омода бошад. Мо, тоҷикон ҳамеша ҷонибдори сулҳем, вале дар сурати зарурат ҷони худро барои ҳимояи марзу буми хеш сипар хоҳем кард. Занони тоҷик дар диловарӣ аз мардон кам нестанд ва дар ҳимояи фарзандону шавҳарон ҳамеша тайёр ҳастанд. Устод Озар Салим хеле ба маврид гуфта: Монанди дирафш кист шайдои ватан?! Истода сари по ба тамошои ватан. Аз ғояти изтироби дил меларзад, Боде бивазад агар ба болои ватан. Мо ҳамеша барои ҳимояи Ватан тайёр ҳастем!!!

    Зебунисо Қосимова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

                                                БА ҲИФЗИ ВАТАН ОМОДАЕМ!

   Имрӯз  ҷавонони  ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ вобаста ба миён омадани вазъи ноороми сарҳад дар марзи Қиргизистон бо баргузор намудани ҳамоиш ҷонибдории худро дар самти ҳимояи сарҳади Тоҷикистон иброз намуданд. Дар ҳамоиш ҷавонон амалҳои ноҷавонмардонаи сокинони ҳамсоякишвари Қирғизистонро маҳкум намуда,  бо  пайравӣ  аз  Пешвои  ҷавонпарвари  худ  мавқеи  устувори  худро  дар  ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон  изҳор  намуданд.  Дар  Муроҷиатномаи  қабулнамудаи ҷавонон даъват ба хифзи сарҳад, хизмат ба Ватан - Модар ва ҳифзи Ватан ба ивази ҷони худ тарғиб мешавад.

АМАЛҲОИ НОҶАВОНМАРДОНАИ МАРЗБОНОНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!    Аҳли соҳаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо таассуфи хеле зиёд аз марзбонони қисми сарҳадии вилояти Бодканти Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро марзбонони қисми сарҳадӣ шартномаи тарафайн, ки соати 18,19-и рӯзи 15.06 оид ба оташбас байни сарҳадот аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии ҳарду ҷумҳурӣ шуда буд, вайрон карда соати 4:35 дақиқаи шаби 16.09. 2022 аҳдшиканона ба сӯи дидбонгоҳи сарҳадии марзи ҷумҳурии мо оташ кушода, ду марзбон ба ҳалокат ва зиёда аз 20 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд, ки айни замон дар беморхонаҳои шаҳри Исфараи вилояти Суғд бистарӣ гардида, зери назорати қатъии духтурон қарор доранд. Инчунин дар тамоми воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбати марзбонон ва мардуми бонангу номусу бофарҳанги мо туҳмату ҳангомаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида истодааст. Аз ин рӯ маорифчиёни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин амалҳои ноҷавонмардонаи марзбонони қисми сарҳадӣ ва хабарҳои номатлуби кормандони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистонро қотеъоеа маҳкум менамоянд.

   Ҳакимзода Хайрулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 

   БАҲРИ ҲИФЗИ МАРЗИ КИШВАР ОМОДАЕМ! Дар марҳилаи  ҷаҳонишавӣ  ва бархурди манфиатҳои миллию  сиёсии  абарқудратҳо сар задани муноқишаи навбатӣ дар марзи  кишвари  ҳамсоя  -  Қирғизистон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо гузашти солҳо тарафдори ҷанг набуд ва ягона роҳи ҳалли масоили гуногуни сиёсию иҷтимоиро бо дарназардошти мусолиҳаву ризоияти тарафайн ба роҳ мемонад. Дар ин раванд яке  аз иқдомҳои аввалине, ки  роҳбарияти  олии Ҳукумати кишвар аз рӯзи нахустини фаъолият амалӣ намуд, ин рӯй овардан ба "Сиёсати дарҳои боз" мебошад. 

 

 

 

   ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ! ВОКУНИШ. Ба  ҳолати   соати   10:00 -  и  16  сентябри  соли   2022   дар  тамоми  самтҳои  Сарҳади  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  Ҷумҳурии  Қирғизистон муноқишаҳои  мусаллаҳона  идома  дошта,  қувваҳои  низомии  кишвари  ҳамсоя  аз  тамоми  намуди  силоҳҳои  вазнину  оташфишони  дар ихтиёрашон  қарордошта  деҳаҳои   наздисарҳадии   Тоҷикистон,  иншооти  мулкӣ  ва  хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд.                                      

                                                                                                                                                  

                           МОДАРОН ХОСТГОРИ СУЛҲАНД

   Имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки занону модарон вобаста ба  пойдории  сулҳу  осоиши  Ватани  азизамон,  ҳимояи  марзу  буми  кишвар ва  тарбияи  фарзандон  дар  руҳияи  ватандӯстиву  ватанпарасӣ  таҳти унвони "Модарон хостгори сулҳанд" ҳамоиш доир гардид.

   Дар  ҳамоиши  мазкур  занону модарон  аз  ҳодисаҳои  марзии  Қирғизистон  изҳори  нигаронӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳифзу ҳимояти хоки поки аҷдодӣ ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон бо қабули МУРОҶИАТНОМА иброз намуданд.                                                                                                                                                                          

 

         

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Сентябрь 2022    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 

Серхонанда