ТАШАББУСҲОИ РОҲСОЗӢ-КАФИЛИ РОҲИ БЕХАТАР
Муассисаи давлатии нигоҳдории автомобилгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мувозинаи худ 250,7 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро ба ӯҳда дорад, ки аз ин ҳисоб 34 км роҳҳои автомобилгарди моҳияти байналмилалӣ, 42,3 км роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва 174,4 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Аз рӯйи таҳлили нишондодҳо маълум гардид, ки дар шаш моҳи соли 2023 муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 134 020 сомонӣ корҳои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо иҷро карда шудааст. Аз ҷумла, таъмири кӯпрук ва қубурҳо, ки маблағи 56 283 сомониро дарбар гирифта, бо ин маблағ 3 адад қубурҳо ва як адад кӯпрук таъмир ва азнавсозӣ гардидаанд, аз гуфтаҳои боло дарак медиҳанд. Таъмири ҷорӣ маблағи 29 747 сомониро дарбар гирифта, баҳри бехатарии ҳаракат дар роҳ ба миқдори 700 метри мураббаъ хатҳои гузаргоҳи пиёдагардон ва 9,8 км хатҳои уфуқии роҳ кашида шуда, 31 адад аломатҳои роҳ васл гардидааст. Бо иттилои сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Маҳмадшариф Салимзода дар масофаи 38,5 км роҳҳои автомобилгард таъмири чуқуричаҳои болопӯши роҳ бо омехтаи сиёҳ мумфарш гардида, техника ва нақлиёти дар тавозуни муассиса қарордошта аз муоинаи техникӣ гузаронида шудаанд.