БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАН МУБОРИЗА МЕБАРЕМ! Тамоми халқиятҳои дунё барои ҳифзи хоки Ватан мубориза мебаранд ва миллати тоҷик низ барои ҳимояи Ватани хеш мубориза бурда истодаст. Дар чунин вазъияте, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дода истодааст, мо сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, чун дигар манотиқи кишвар дар якҷоя бошем. Мо бояд дастаҷамъона зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ устуворона қадам занем.