Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд. Афрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар боми Рейхстаг рамзи ғалабаи халқи шӯравиро бар фашизм баръало муайян кард.
СЕМИНАР ОИД БА "НАВРАСОН-ШАРИКОНИ РУШДИ УСТУВОР" Аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Гурдофарид» лоиҳаи «Наврасон-шарикони рушди устувор» бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ «ЮНИСЕФ» дар 15 шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Деваштич, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Спитамен амалӣ шуда истодааст. Дар ин замина, санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроия ва кормандони касбу кори гуногун семинари омӯзишии якрӯза дар мавзӯи «Наврасон-шарикони рушди устувор» баргузор гардид. Дар семинари болозикр муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ суханронӣ намуда, оид ба татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тарзи ҳаёти солим, иноватсионӣ-технологии наврасону ҷавонон ва илм, барои амалисозии Барномаи миллӣ оид ба рушди ҷавонон андешаҳои худро иброз намуданд.
ИҚДОМИ ХАЙР Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ашхоси имконияти маҳдуддоша ва ятимон дасти кумак расонида мешавад. Ин аст, ки аз тарафи директори муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 33-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зебунисо Қосимова ба як нафар имконияти маҳдуддоштаи ҷамоати мазкур Саидов Амирҷон аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.