ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАРНОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Бахшида ба иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса чорабиниҳои идона гузаронида шуд. Имрӯз, 23 ноябри соли 2023 сокинону ҷавонон ва кормандони корхонаву ташкилотҳои ноҳия ба даст Парчам ва шиору овезаҳо гирифта, аз маркази ноҳия то назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ роҳпаймоӣ намуданд. Инчунин, дар роҳпаймоӣ раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ва собиқадорону фаъолон иштирок намуданд. Сипас, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар назди Парчами давлатӣ гулчанбар гузошт. Баъдан дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Зимни сухани табрикиаш раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон кулли сокинони ноҳияро табрик намуда, зикр дошт, ки Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад.