ҶАЛАСАИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Имрӯз санаи 25 октябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Қурбонов Ниёзмаҳмад, роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Холов Азизулло, мудирони шуъбаҳо, сардухтурони беморхонаҳои деҳотӣ, директорони марказҳои саломатии деҳотӣ ва директорони марказҳои махсусгардонидашудаи ноҳия иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Қурбонов Ниёзмаҳмад, роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Холов Азизулло оид ба барномаҳои соҳавӣ, баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ хусусан дар байни кӯдакону наврасон, нигоҳ доштани ҳолати санитарӣ, саривақт расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, оид ба бемории фарбеҳӣ ва пешгирии он, ободонии назди муассисаҳои тандурустӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ суханронӣ намуданд. Муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо оид ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ, шуъбаҳо, беморхонаҳои деҳотӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ, марказҳои махсусгардонидашуда баромад намуда, аз роҳбарони барномаҳои миллӣ оид ба соҳаи тандурустӣ пурсиш ба миён оварда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба мардум супоришҳои мушаххас дод.