ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Санаи 22 марти соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Икромӣ Сироҷиддин Салом, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳи хос таҷлил карда шуд. Дар ҷашнвораи наврӯзӣ сокинон ва ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуда, номгӯи ҳунарҳои мардумии хешро, ки маҳсули меҳнату заҳмати онҳо мебошад, ба марази тамошо гузошта буданд.