НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 30.03.2024

ИҶЛОСИЯИ БИСТУДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

    Санаи 28 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакили халқи ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибон ва раисони кумитаи маҳалла баргузор гардид. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: 1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 15 июли соли 2021, №877 "Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2021, №25" Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 "Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025"; 2.Ахбороти прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ "Оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар қонунвайронкунио" дар давраи соли 2023; 3. Масъалаҳои ҷорӣ. Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум пешниҳодшуда пурра баррасӣ гардида, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД

      Имрӯз, 28 март дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб, Шарофзода Гавҳар, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, вакилони ноҳиявӣ, ҷамоатҳо, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳия иштирок намуданд. Вакилон қайд карданд, ки мақсади вохӯрӣ расонидани мазмуну муҳтавои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш 9 марти соли 2024 бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз гардида буд, мебошад. Дар раванди суҳбат бо фаъолони ноҳия намояндагони мардумӣ оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушкилотҳои сиёсии сайёра, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфтанд. 

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Март 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031