КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ
Санаи 18 феврали соли ҷорӣ ҳайати кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди корхона корҳои шанбегӣ баргузор намуда, заминҳои назди биноро барои шинонидани гулҳои мавсимӣ омода намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон ҳар хафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳои ноҳия корҳои ободонӣ баргузор мегардад.