НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ!
сентябрь 16 2022

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ!

                                                                                                                                                                                         

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ!    

   Чӣ тавре, ки АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, “14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шудаанд.

    Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.” Мавриди зикр аст, ки роҳбарият ва масъулони ниҳодҳои қудратии ҷониби Қирғизистон пас аз ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2021 то ҳол кинаву адовати қасдгириро аз мағзи худ дур накардаанд. Дар ҳамон ҳодисаҳои ҷангии моҳи апрели соли гузашта низ гунаҳкор ва ҷангандози асосӣ ҷониби қирғизҳо буданд. Дар натиҷаи задухӯрдҳои дуҷониба 189 нафар қирғизҳо захмӣ шуда, беш аз 36 нафари дигар аз ҷониби Қувваҳои мусаллаҳи он кушта шуда буданд. Аммо роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя аз он воқеа дарси ибрат нагирифта, баръакс пайваста кӯшиш дорад, ки муноқишаҳои сарҳадиро ташкил намояд. Бояд гуфт, ки пас аз табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон ҳокимияти сиёсӣ ба дасти ҷинояткорон ва гурӯҳҳои ҷиноиву бандитҳо гузаштааст. Чун худи Президент, яъне Содир Ҷаборов ҷинояткор буда, дар маҳбас буд. Роҳбарияти Кумитаи амнияти давлатӣ низ ҷинояткору бандит буда, аз соҳаи фаъолияти худ заррае буй намебарад. Хулоса, айни замон роҳбарияти кишвари ҳамсоя дар зери назорати як тӯда ҷинояткорон ва бетаҷрибаҳо буда, ҳатто мавқеи расмии давлатӣ надоранд. Бояд гуфт, ки худи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя низ аз ин кору фаъолияти роҳбарони давлати худ норозӣ буда, аллакай омодаи митингу ҳамоишҳо мебошанд. Зеро мардуми қирғиз дарк карданд, ки ҳокимияти сиёсӣ дар дасти нафарони ғайритахассусӣ ва бетаҷриба мебошад. Мувофиқи назари коршиносони қирғиз дар ояндаи наздик бинобар бетаҷрибагии Президент ва роҳбарияти мақомоти амният манфиатҳои давлатии онҳо зери хатару таҳдиди бузург қарор дорад. Ҳатто, роҳбарияти ниҳоди қудратии қирғиз Ташиев Қ. аз ин раванди норозигии элитаи сиёсӣ огоҳ буда, дар ташвиши амиқ дорад. Ҳамин аст, ки тайи чанд моҳи охир чандин роҳбарони расмии давлатиро тариқи силоҳу аслиҳа ва зурӣ тарсонида истодааст. Роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон аз равандҳои норозигиву хатарҳои дохилӣ огоҳ шуда, бинобар ҳифзи қудрати худ муноқишаҳои сарҳадиро бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сунъӣ офарида истодаанд. Мувофиқи таҳлилҳо супоришу фармонҳои Президенти Қирғизистон С.Ҷаборов аз боло то ба поён дар амал татбиқ нагардида, ҳатто аз ҷониби музофотҳо тамоман ба назар гирифта намешаванд. Аз ин бармеояд, ки дар Қирғизистон фалаҷшавии ҳокимияти марказӣ вуҷуд дошта, равандҳои зиддиҳукуматӣ зиёд ба назар мерасанд.  

   Ҳамчунин, бинобар зуд-зуд иваз гардидани Роҳбарони олии Қирғизистон сабаби риоя ва ё то охир татбиқи нашудани қарору фармонҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардидаанд. Ёдоварӣ менамоям, ки кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҳолат омодаи ҳаргуна бархӯрд буда, дар дилхоҳ вазъият зарфияти ҳифзи манфиатҳои миллиро дорост. Дар кишвари мо ҳокимияти марказӣ бисёр қавӣ буда, таҷрибаи бузурги муносибат бо ингуна падидаҳоро дорад. Инчунин, давлати мо зарфияти бузурги низомиву техникӣ дошта, роҳбарони ниҳодҳои қудратии мо таҷрибаи бузурги ҳал кардани муноқишаи ҷангиро доранд. Чун роҳбарони ҷузъу томҳои низомии мо мутахассисони соҳаи худ буда, дар бахши ҷанг бисёр касбиву ҳирфаӣ мебошанд. Аммо давлати мо бештар пойбанди қонунгузориҳои байналмилалӣ ва дохилӣ буда, дар баробари ин созишномаву қардодҳои дуҷонибаи сарҳадиро риоя ва гиромӣ медорад. Ҳамзамон, вазъияти имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ намегузорад, ки дар дилхоҳ минтақаи мо ҷангу хунрезӣ ба вуқӯъ ояд, зеро душманони суботу амнияти давлатҳои минтақа камин гирифта, интизори чунин ҳолат мебошанд. Вале ҷониби қирғиз аз ин вазъият нисбатан дур буда, барои онҳо ба назарам аҳамият надорад. Ҳамин тариқ, бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳам қудрати низомиву техникии кишвари мо ва ҳам зарфияти касбии низомиёни мо барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани душман хеле бузург ҳаст. Вале дар ҳама ҳолат истифода аз ақлу дониш ва боло гузоштани сулҳу субот муҳим мебошад.

 

 

               

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 16 сентябрь 2022 14:23
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 808
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

12 сентябрь 2022
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
Чорабинии фарҳангӣ

Рўзи 9 сентиябри соли 2022 мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Варзишгоҳи марказии ба номи Уктам Маматович ноҳия

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи Мақбараи

21 март пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар
26 август 2022
Асосӣ / Тандурустӣ
18 - август Рӯзи

Ҳ амасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 - уми август ҳамчун Рўзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Бо ин

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда