НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА.
май 13 2024

ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА.

                      ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

    Рӯзи 8 майи соли 2024 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар назди муҷассамаи Модари маҳзун ва нимпайкараҳои қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, ки дар Боғи фарҳанги ба номи Умар Хайём ҷойгиранд, бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидон гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд. Дар қисмати дувуми чорабинӣ, ки дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ доир гашт, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло иштирокдорони чорабиниро ба Рӯзи Ғалабаи бузург табрик намуда, дар хусуси дӯстиву робитаҳои мардуми Тоҷикистону Русия ибрози ақида намуд. -Дар давоми панҷ соли муҳорибаҳои даҳшатовари Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 250 ҳазор нафар фарзандони сарсупурдаи миллату ватандӯст аз Тољикистон ба муқобили душмани ғаддор қаҳрамонона ҷангида, дар ғалабаи оламшумул бар фашизм саҳми арзанда гузоштанд.

 Барои шуҷоату диловарӣ ва корнамоиҳои бемислу монанд дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 54 нафар фарзандони Тоҷикистони азизи мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардиданд. Ҳамзамон 15 нафар ҷанговарони тоҷикистонӣ барои қаҳрамонӣ, мардонагӣ, далерию шуҷоат се карат бо ордени Шараф мукофотонида шудаанд. Мардуми тоҷик бо номи фарзандони сарсупурдаи миллат ва қаҳрамонони худ Ҳайдар Қосимов, Туйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Саидқул Турдиев, Чутак Урозов ва даҳҳо дигарон, ки номашон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфњои заррин сабт гардидааст фахр мекунанд. Мардуми шарафманду сарбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтихор аз он доранд, ки 5 нафар фарзандони ҷасуру матиниродаи ноҳия барои корнамоию шуҷоат соҳиби унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардидаанд. Номҳои фарзандони ҷасуру далери ноҳия Неъмат Қарабоев, Эргаш Шарифов, Константин Ходов, Николай Балакин, Александр Гореловро хурду калони ноҳия бо ифтихору саодатмандӣ ба забон мегиранд ва хотири онҳоро пос медоранд.

 Солҳо пайи ҳам мегузаранд, аммо корнамоию ҷасурӣ ва мардонагию далерии родмардони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дилу дидаи мардум боқӣ мемонад. Айни замон дар ноҳия 1 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоду хуррам умр ба сар бурда истодааст, ки ба ин шахси бузург пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ёрӣ ва ғамхорӣ карда мешавад. Дар набардҳои ин ҷанги хонумонсӯз ҳамчунин 192 нафар ҷавонписарони ноҳияи мо ҳалок ва чандин нафарон бе ному нишон монданд. Гузашта аз ин бо амри тақдир дар давоми 79 соли сипаришуда чандин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳаёт падруд гуфтанд,- қайд дошт зимни баромади хеш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло. Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат ва як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо аз тарафи раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳия бо ордену медалҳои ҷашнии Иттиҳод қадрдонӣ гардиданд. Сипас, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ ва сурудҳои даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки таҷассумгари дӯстиву рафоқати халқу миллатҳо буд, анҷомбахши чорабинии идона гардид.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 Имрӯз, 19 апрел дар

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Сентябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 

Серхонанда