НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ ЗАРУРИИ НЕРУМАНД.
июнь 12 2024

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ ЗАРУРИИ НЕРУМАНД.

                           МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ ЗАРУРИИ НЕРУМАНД

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 - ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳадафи асосии давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Маврид ба зикри хос аст, ки тибқи фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ гардидааст, ки тибқи он бояд сохторҳои вазорату идораҳо дар шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла ҷиҳати дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд. Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд. Дар ин замина шаҳрвандонро зарур аст, ки бояд ҳуқуқҳои худро донанд, дониши ҳуқуқиашонро сайқал диҳанд, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намуда, аз имконияти мавҷудае, ки давлат барои онҳо фароҳам овардааст, самаранок истифода кунанд. Маърифати ҳуқуқӣ омили зарурии неруманде аст, ки ба сатҳи умумии маърифатнокии шахс таъсири амиқ мегузорад. Он вазифаҳои танзимнамоӣ, функсионалӣ ва мутобиқшавиро иҷро намуда, имкон медиҳад, ки тавассути худтанзимнамоии рафтор шахс муносибаташро бо дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намуда, мутобиқшавии иҷтимоию ҳуқуқиро дар дилхоҳ муҳит муваффақона ба сомон расонад. Хусусан вақте ки сухан сари мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоӣ меравад, донишҳои ҳуқуқӣ аҳаммияти хос пайдо менамоянд. Вобаста ба нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таъмини камолоти сиёсию ҳуқуқии ҷомеа метавон иброз намуд, ки он василаи муҳимми танзимкунандаи фаъолият ва рафтори шахс дар ҷомеа буда, маҳз тавассути меъёрҳои азхуднамуда, донишҳои ҳуқуқии азбарнамуда ва сатҳи иҷтимошавӣ шакли хоси муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шахс, гурўҳ ва ҷомеа ташаккул меёбад. Тавассути онҳо волоияти қонун таъмин гардида, шахс мустақилона муносибаташро ба раванду ҳодисоти гуногуни муайян мекунад. Ҷанбаи муҳимми ин муносибатҳо дар ҷавҳари қонунмеҳварии онҳо мебошад. Ин омил дар замони муосир вижагӣ ва аҳаммияти хос дорад. Маҳз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, доираи васеи донишҳои ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ яке аз ченакҳои муаррификунанда дар роҳи ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад. Хуллас, тақвият ёфтани донишҳои мардум роҷеъ ба меъёрҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, риояи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини суботи ҷомеа мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, аҳамияти тарбияи ҳуқуқии шарҳвандон, дар замони муосир зарурияти бештарро ба худ касб намудааст. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳама донишҳои нави ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо огоҳ будан, тарғиби оммавии донишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа зарурият дорад ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқукӣ" ин имкониятро фароҳам меоварад. Сафарзода Шералӣ Нур, раиси Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
09 апрель 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг / Мақомоти иҷроия
СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ

СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
05 апрель 2024
Асосӣ / Тандурустӣ
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР.

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки

Маълумоти бештар
21 июль 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023 Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 

Серхонанда