НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Тандурустӣ » 1 ДЕКАБР - РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВНМО
декабрь 06 2024

1 ДЕКАБР - РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВНМО

        Ҳамасоларӯзи 1 декабрҳамчунРӯзибайналмилалиимуборизабарзиддиВНМО/БПНМдармамлакатқайдкардамешавад.

    Ба ин хотир санаи 30 ноябри соли равон аз тарафи кормандони Маркази пешгирии бемории ВНМО/БПНМ дар назди бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аксия таҳти унвони "Бар зидди бемории ВНМО/БПМН дастаҷамъона мубориза мебарем" доир гардид.

Дар ин рӯз аз тарафи мутахассисони соҳа оид ба ин бемориҳо бо тариқи ройгон дар назди бозор ва дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 500 нафар аз таҳлилу ташхиси хун гузаронида шуданд.

Дастурҳои тавсиявии пешгирикунанда нисбати бемориҳои ВНМО/БПНМ ба миқдори 1400 адад тақсимот карда шуд. Ҳамасола оид ба пешгирии бемории зикршуда дар беморхонаи марказии ноҳия, беморхонаҳои минтақавӣ, КАТС-и ноҳия, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тандурустӣ дар доираи ин пешгирии бемории зикршуда суҳбатҳо гузаронида мешавад.

Аз рӯйи маълумотҳо дар ноҳия аз тарафи шуьбаи эпидемиологии маркази ВНМО 201 вохӯрӣ гузаронида шудааст, ки ба 19332 нафар, аз  ҷумла, бо кормандони тиб 1255 нафар, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо 2221 нафар, ҳомиладорон 3683 нафар, ҷавонони ноҳия 463 нафар, бо гурӯҳҳои осебпазири ноҳия 173 нафар, хонандагон 1225 нафар, омӯзгорон 134 ва дигар кормандони боғчаҳо ва бозорҳои ноҳия суҳбатҳо гузаронида шуда, аз ин шумора 134 нафар таҳлили хуни ВНМО ройгон гирифта шуда, 10841 нафар бо маводҳои иттиоолотӣ ва маводҳои пешгирикунанда таъмин карда шудаанд.

Дар таҳлилгоҳи Маркази мубориза бо бемории ВНМО дар 11 моҳи сипаришуда ҳамагӣ 13206 нафар намунаи таҳлили хуни ВНМО гирифта шудааст, ки 136 нафари он тариқи ройгон аз  таҳлили хуни ВНМО бо усули тести фаврӣ гузаронида шудааст. Аз 13206 нафар, аз он ҷумла 2825 нафар мард ва 10381 нафари дигарро занон ташкил менамоянд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
07 декабрь 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ

БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/БПНМ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ! Ҳамасола рӯзи 1 декабр, ҳамчун Рӯзи байналмилалии

Маълумоти бештар
21 июль 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023 Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30