МАШҚИ ТАКТИКӢ - ОТАШНИШОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Санаи 5 феврали соли 2025 дар Қисми 28-уми Хадамоти ҳарбикунонидаи давлатии оташнишонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарии Раёсати Хадамоти оташнишонӣ ва роҳбари қисм, майори хизмати дохилӣ Сатторзода Носир Саттор, машқи тактикӣ – оташнишонӣ гузаронида шуд.
Машқҳо дар бозори ҶДММ "Баҳор" бо мақсади сайқал додани малакаи касбии ҳайати шахсии қисм ва таҳкими омодагии онҳо барои бартараф кардани вазъиятҳои фавқулода баргузор гардиданд.
Дар рафти гузаронидани машқҳо, ҳайати шахсиятҳо ҳангоми вокуниш ба ҳолатҳои оташсӯзӣ, ҳамоҳангии миёни гурӯҳҳо, амалҳои оперативӣ ва истифодаи техникаи махсус барои нигоҳ доштани оташ ва наҷоти мардумро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Қайд гардид, ки машқҳои оташнишонӣ барои баланд бардоштани қобилият ва тайёрии касбӣ дар ҳолатҳои фавқулода муҳим аст, зеро ташкили чунин омодагињо имкон медиҳанд, ки њар як аъзои қисм ба вазъиятҳои воқеӣ бо огоҳии комил ва моҳирона мањорат нишон дода, дар њолати дучор шудан ба њодисањои сўхтор манфиат бахш хоњад буд.
Мақсади асосии ин машқҳо – беҳтар кардани қобилияти оперативии кормандони оташнишонӣ ва омӯзиш дар вазъиятҳои гуногуни эҳтимолии оташсӯзӣ дар муҳити шаҳрӣ њисоб меёфт.