ҚАДРДОНИИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ "НАВИДИ БАЛХ" ДАР АРАФАИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Дар остонаи 113-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ибодуллоҳ Одиназода барои фаъолияти пурсамари эҷодӣ, саҳми арзанда дар рушди матбуоти миллӣ ва таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Ифтихорномаро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатулло тақдим намуда, фаъолияти самараноки ӯро дар тарғиби арзишҳои миллӣ ва таҳкими матбуоти мустақил муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, дар ин рӯз мусаҳҳеҳи рӯзномаи "Навиди Балх" Кароматулло Садиров низ бо гирифтани шаҳодатномаи узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мушарраф гардид.
Ин эътироф далели заҳмату садоқати ӯ ба касби рӯзноманигорӣ ва саҳмаш дар таҳияи матолиби босифат барои хонандагон мебошад.
Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мегардад, барои гиромидошти фаъолияти журналистон ва таъкиди нақши матбуот дар рушди ҷомеа аҳамияти хоса дорад.
Ин иқдом низ нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмати рӯзноманигороне мебошад, ки дар роҳи инъикоси воқеият, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ фаъолият мекунанд.