"ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - ТАҶАССУМГАРИ ВАҲДАТУ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Санаи 20 августи соли равон, бо иштироки роҳбарият, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони васеи ноҳия дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷашнвораи фараҳбахш таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба ифтихори таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба як саҳнаи ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мубаддал гашт.
Ташаббус ва баргузории ҷашнвораро Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Маркази алоқаи почта, Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» ва Муассисаи давлатии рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» бар ӯҳда доштанд. Ҳадафи асосии чорабинӣ ин боло бурдани руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатдорӣ ва таҷлили пирӯзиҳои даврони Истиқлолият арзёбӣ гардид.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои маҳбуб Муҳаббат Давлатова ва Рустами Файз сурат гирифт. Сурудҳои дилангези ин ҳунармандон, ки мазмуну муҳтавои онҳо аз муҳаббат ба Ватан, сулҳу ваҳдат ва озодиву истиқлол сарчашма гирифтаанд, ба фазои идона ранги тоза бахшиданд. Омодагии масъулин ба ин ҷашнвора, шодиву фараҳи сокинон ҳамчун рамзи ягонагӣ, нишонаи равшани ифтихор аз давлатдории миллӣ ва пояндагии Истиқлолият гувоҳӣ медод.
Ин иқдом имкон дод, то ҳар иштирокчӣ ҳис кунад, ки Истиқлолият на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва сарбаландии миллат аст. Масъулини ноҳия таъкид намуданд, ки Истиқлолият барои мардуми тоҷик бузургтарин неъмат ва мояи ифтихор буда, пос доштани он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Бо баргузории чунин ҷашнвораҳо рамзҳои миллӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар қалби мардум беш аз пеш реша давонида, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстӣ таҳким меёбад. Ҷашнвораи «Шукӯҳи Истиқлол» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ на танҳо як барномаи фарҳангӣ, балки таҷассумгари ваҳдат, ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ гардид. Ин чорабинӣ собит сохт, ки Истиқлолият ҳамчун нишони шарафмандии давлатдорӣ ва кафили ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз дар қалби ҳар фарди ватандӯст ҷовидон боқӣ хоҳад монд.