НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ПЕШГИРИИ БЕГОНАПАРАСТӢ - МАСЪУЛИЯТИ УМУМИИ ҶОМЕА
сентябрь 22 2025

ПЕШГИРИИ БЕГОНАПАРАСТӢ - МАСЪУЛИЯТИ УМУМИИ ҶОМЕА

                                ПЕШГИРИИ БЕГОНАПАРАСТӢ - МАСЪУЛИЯТИ УМУМИИ ҶОМЕА

      Санаи  15 сентябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, вохӯриҳои маърифативу тарбиявӣ бо сокинон дар деҳаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Золи Зар баргузор гардиданд. Дар ҷараёни ин мулоқот масъулин масъалаи мубрами рӯз - пешгирии бегонапарастӣ ва тақлид ба расму ойину арзишҳои бегонаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки раванди бегонапарастӣ имрӯз ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеа табдил ёфта, метавонад ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва асолати фарҳангии кишвар таҳдид намояд. Ба гуфтаи масъулин, танҳо бо талоши якҷояи ҷомеа ва ҳамкории давлату мардум имкон аст, ки паҳншавии чунин падидаҳои номатлуб пешгирӣ гардад. Ҳамзамон дар вохӯрӣ ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истинод оварда шуд. Пешвои миллат дар баромадҳои худ ҳамеша зарурати муқовимат ба хурофот, иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба урфу одатҳои бегонаи бетаъсир ба фарҳанги миллиро таъкид намуда, гуфтаанд: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Бо такя ба ин ҳидоятҳо, масъулин зикр карданд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд мубориза бо бегонапарастиро мисли як вазифаи шахсӣ ва ватандӯстона қабул намояд. Зеро фарҳанг ва ҳувияти миллӣ пояи асосии бақои давлату миллат ба шумор меравад. Мулоқотҳои мазкур на танҳо дар Ҷамоати деҳоти Золи Зар, балки дар деҳаҳои Балхиён ва Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор низ баргузор гардида, дар онҳо сокинон фаъолона ширкат варзиданд. Бояд тазаккур дод, ки чунин вохӯриҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва таҳкими якпорчагии ҷомеа нақши муассир доранд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 22 сентябрь 2025 07:57
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 59
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Маориф
ВОХӮРИҲОИ МУФИД ОИД БА

ВОХ Ӯ РИ Ҳ ОИ МУФИД ОИД БА ПЕШГИРИИ Ҷ АВОНОН АЗ ГУР ӮҲҲ ОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ Тибқи нақшаи кории Мақомоти

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Серхонанда