НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ШАНБЕГӢ - ҚАДАМИ ДИГАР БА СӮЙИ МУҲИТИ ЗИСТИ СОЛИМ
сентябрь 22 2025

ШАНБЕГӢ - ҚАДАМИ ДИГАР БА СӮЙИ МУҲИТИ ЗИСТИ СОЛИМ

                             ШАНБЕГӢ - ҚАДАМИ ДИГАР БА СӮЙИ МУҲИТИ ЗИСТИ СОЛИМ

          Субҳи рӯзи 20 сентябри соли 2025 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, идораи коммуналӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдор, шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Ин иқдом бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ободонӣ ва зебосозии муҳити зиндагии сокинон роҳандозӣ шуда, саҳми арзандае дар нигоҳдории симои зебои ноҳия гузошт. Дар ҷараёни шанбегӣ кӯчаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, атрофи муассисаҳои маъмурӣ, таълимӣ ва тиббӣ, боғҳо, хиёбонҳо, роҳҳои асосии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шоҳроҳи байналмилалӣ ва оромгоҳҳо тозаву озода гардиданд. Сокинону кормандон партовҳоро барчида, алафҳои бегона ва хасу хошокро тоза намуда, ҳамзамон дарахтонро сафед карда, обмонии мунтазами гулҳо, буттаҳо ва дарахтон низ ба роҳ монда шуд, ки ин ҳама ба зебоии табиӣ ва муҳити солими зист саҳм гузошт. Шанбегии имрӯза на танҳо амали тозагӣ, балки ҷиҳати таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии сокинон дар ободонии макони зист низ хидмат кард.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 22 сентябрь 2025 13:23
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 43
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

19 май 2025
---
ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ: ҚАДАМИ

ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ: ҚАДАМИ ДИГАР БА СӮИ МУҲИТИ ЗИСТИ СОЛИМ

Маълумоти бештар
24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
01 май 2025
---
ШАНБЕГИИ БАҲОРӢ - РАМЗИ

ШАНБЕГИИ БАҲОРӢ - РАМЗИ ҲАМДИЛӢ ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ

Маълумоти бештар
28 июль 2025
---
ШАНБЕГИИ УМУМӢ БО

ШАНБЕГИИ УМУМӢ БО ИШТИРОКИ ВАСЕИ КОРМАНДОН ВА АҲОЛӢ

Маълумоти бештар
17 апрель 2025
---
ИДОРАИ КОММУНАЛӢ КӮЧАИ

ИДОРАИ КОММУНАЛӢ КӮЧАИ МАРКАЗИРО АЗ ИФЛОСӢ ПОКИЗА КАРД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Серхонанда