НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ШУКРОНА МЕКУНАМ, КИ ТОҶИКАМУ ТОҶИКИСТОНИАМ!
сентябрь 22 2025

ШУКРОНА МЕКУНАМ, КИ ТОҶИКАМУ ТОҶИКИСТОНИАМ!

                                        ШУКРОНА МЕКУНАМ, КИ ТОҶИКАМУ ТОҶИКИСТОНИАМ!

      (Таассурот аз "Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Хатлон" дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон) Аз дидани ҳунари волои мардумии тоҷик, бӯидани накҳати шакарбори маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистони биҳиштосо, лаззати ҷонофарини таомҳои миллӣ ва дидану шунидани фарҳангу ҳунари тамаддунофари кишвари нозанинам ба ваҷд омадани тамошибонони қазоқӣ маро дар дилу қалб танҳо як чиро устувортару қавитар гардонид: ШУКРИ ЯЗДОНИ БЕҲАМТО, КИ ТОҶИКАМУ ТОҶИКИСТОНӢ ҲАСТАМ! Гумон мекунам, ки рӯзҳои 20-21 сентябри соли 2025 мардуми қазоқ на танҳо аз тамошои ҳунарҳои мардумию маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ва таомҳою фарҳанги мо завқ бурданд, балки дар тамоми Қазоқистон накҳати ҷаннатулбақои Тоҷикистон мутантан танин карду ба хонадон ва қалби ҳар як Қазоқистонӣ сурур бахшид.

Дар ҳақиқат бо маҳорати хоса оростани намоишгоҳ аз тарафи Хатлониён ҳамчун хони пурнозу неъмат бо ҳазорон ранг ба дили садҳо нафар фараҳу шодӣ бахшид ва ба оянда назари некро ба бор дод. Зебоии ин хон маро низ мафтун сохт. Зиҳӣ, дастандаркорони вилояти Хатлон! Тавонистанд, ки дар симои як вилоят Тоҷикистони соҳибтамаддунро дар арсаи ҳамҷаворӣ ба кишварҳои дигар дар сатҳи олӣ муаррифӣ намоянд.

Дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии бевоситаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид боис гардид, ки ин чорабинӣ дӯстии халқҳои тоҷику қазоқро устувортар гардониду ба он ҳусни меҳру муҳаббатҳоро афзун намуд. Чунин тадбирҳо бори дигар аз фарҳангсолорию мардумсолории Пешвои муаззами миллат ва рисолати рафоқатпешагии мардуми сарбаландӣ тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Пайравони ӯ низ, махсусан хизматчиёни давлатӣ чун хизматгузорони халқ иқдомҳои ваҳдатофарини Пешворо маҳаки кори хеш медонанд ва мегӯянд: Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо! Ё худ: Дӯст ояд сахт дар оғӯш гир, Расми хуби тоҷиконро гум макун. ЗИҲӢ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, КИ БАҚОИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТДОРИРО ДАР ЗИМОМИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДКОРӢ ВА СУЛҲУ ВАҲДАТ ОРОСТАӢ! Ва мегӯем: Месароям ман суруди сулҳро бо сози сулҳ, То шавад дунё пур аз овози сулҳ! ЗИНДАВУ ПОЯНДА БОД, СУЛҲУ ВАҲДАТИ АБАДӢ ВА ДӮСТИИ ХАЛҚҲО ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН! Шукурзода ШАҲЛО, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 22 сентябрь 2025 13:49
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 268
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 

Серхонанда