«АЛБОМ-ЭСТАФЕТА» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Санаи 26 октябри соли 2022 Аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета" аз ноҳияи Вахш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ расид. Аксияи мазкур бо иштироки раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Лола Сулаймонова сурат гирифт. Нахуст, дар назди майдони Парчами давлатӣ бо иштироки ҷавонону наврасон, собиқадорон ва аъзои ҳизб роҳпаймоӣ доир гардид. Дар идомаи чорабинӣ меҳмонон ва дигар иштирокчиёни аксия аз намоишгоҳи маҳсули ҳунармандон ва дастовардҳои варзишгарони ноҳия дидан намуданд. Ҳамзамон аз Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ дидан карда, аз таърихи зиндагиномаи ин донишманди маъруф воқиф гардиданд. Идомаи чорабинии мазкур дар маҷлисгоҳи Мактаби байналмилалии Президентӣ баргузор гашт. Эшбӯрӣ Эсанқулов, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, гуфт, ки маҳз ҳамин далериву шуҷоатмандии Роҳбари давлат буд, ки имрӯз милати тоҷик аз вартаи нобудшавӣ раҳо ёфт ва Тоҷикистон ба як кишвари амну обод табдил ёфт. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба қадри ин ҳама ободкорию созандагиҳо бирасем, зеро ин ҳама дастовардҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Ҳамчунин, дигар иштирокчиёни ҳамоиш доир ба нақш ва манзалати иҷлосия дар таҳкими соҳибистиқлолии кишвар баромад намуда, ҷавононро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш ба як қатор фаъолони ҳизб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Навиди Балх