АЗ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАДОР ТО ХАТАРИ ҲАЗОРСИПАНД
Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар - яке аз амалҳои ба ҷомеа ва ҳаёти инсон басо хатарнок буда, нашъамандӣ дар замони муосир ба яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳазорон нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва садҳо нафар ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд. Бо вуҷуди муборизаи тулонӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва шахсони алоҳида ҳанӯз ҳам гирифторони бемории нашъамандӣ кам нестанд ва муомиллоти ғайриқонунии он аз ҷониби шахсони ноогоҳу худбохта идома меёбад.
Тибқи гуфтаи муовини прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Солиҳзода Парвиз дар ноҳия аз аввали сол то ҳол 3 адад парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба муомиллоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ва муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ нисбати 4 - нафар мавриди баррасӣ қарор дода шудаст, ки як адад парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 3 банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 адад бо моддаҳои 200 қисми 1 ва 201 қисми 1 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати 1 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол ва нисбати 2 нафари дигар бошад, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 солу 5 моҳ татбиқ гардидааст.
Дар ин росто бояд ёдовар шуд, ки моҳи феврали соли 2024 “Ҳазорсипанд” дар ҳудуди Федератсияи Россия ба руйхати растаниҳое дохил карда шудаст, ки он дорои маводди мухаддир, психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо мебошад. Агарчӣ ҳазорсипанд аз қадим ҳамчун растании шифобахшу давоӣ барои дармони бисёр дардҳо истифода мешавад ва ба бовари мардуми мо дуд кардани он дар кушоиши кор, ҷоду, дур нигоҳ доштани ҷину девҳо, инчунин пешгирии ҳар гуна вирусу микробҳо ва бемориҳои сироятӣ таъсири хос дорад, ҳоло воридот ва истифодаи он дар ҳудуди Федератсияи Россия, ки аксари тоҷикон ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, манъ карда шудааст.
Солиҳзода Парвиз-муовини прокуррори ноҳия дар суҳбат бо мо оид ба ин масъала чунин иброз намуд: «Аз моҳи феврали соли 2024 растании ҳазорсипанд (ҳармала) дар ҳудуди Федератсияи Россия ба руйхати гиёҳҳое ворид карда шудааст, ки дорои маводи нашъадор, психотропӣ ё прекурсорҳо маҳсуб мешаванд. Истифода ва гардиши ғайриқонунии ин растанӣ, ҳатто воридоти он барои мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ, дар Қаламрави Россия комилан манъ гардида, тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, барои вайрон кардани ин қонун ҷарима, ҳабси маъмурӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ - ихроҷ ва депортатсия пешбинӣ шудааст. Барои доштани беш аз даҳ банду танаи ҳазорсипанд шахс метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Ҷазо метавонад аз ҷаримаи калон то 1-миллион рубли русӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ барои як умр татбиқ гардад».
Дар идомаи суҳбат муовини прокурор ёдовар шуд, ки мувофиқи маълумотҳои бадастоварда аллакай ду зани тоҷик, ки бо мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ “Ҳазорсипанд”-ро ба Федератсияи Россия ҳамроҳи худ гирфитанд, дар фурудгоҳҳои Федератсияи Россия дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Нисбати яке аз онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 228 қисми 2 (ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол коркард бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё ҳамтоёни онҳо ба андозаи ҳаҷмаш калон) ва 229 иловаи 1 қисми 3 (ҳаракати ғайриқонунӣ тавассути сарҳади гумрукии иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё сарҳади Давлатии Федератсияи Россия бо давлатҳои аъзои иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ё аналогҳои онҳо, растаниҳои дорои маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ё қисмҳои дорои маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо, асбобҳо ва таҷҳизоте, ки таҳти назорати махсус қарор доранд ва барои истеҳсоли маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ нисбати маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ё аналогҳои онҳо, растаниҳои дорои маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ё қисмҳои дорои маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ба андозаи калон содир карда мешаванд). Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия оғоз гардида, пас аз ба итмом расонидани тафтишот парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол ва охирин бо ҳукми суди Федератсияи Россия ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардидааст.
Солиҳзода Парвиз инчунин қайд намуд, ки аз ҷониби прокуратураи ноҳия бо мақсади огоҳсозии шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст. Хулоса ин ки ҳазориспанд яке аз гиёҳҳои дорои хосиятҳои махсус аст, ки онро танҳо дар Тоҷикистон ва бо дониши дуруст бояд истифода кард. Зеро ҳамагӣ як иштибоҳи хурд - бурдани ин растанӣ ба Федератсияи Россия метавонад боиси паёмадҳои вазнин шавад ва ҳаёти инсонро дар зери хатар қарор диҳад. Моҳинави ҚУРБОНМАД, "Навиди Балх"

 Рускый
 Рускый
             
                                    
