ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"
Шоми 25 сентябри соли ҷорӣ, дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи варзишӣ бо усули «Деҳа ба деҳа» байни дастаҳои варзишии деҳаҳои ин ҷамоат ва инчунин қисме аз деҳаҳои ҳамсояи ноҳияи Вахш ҷамъбаст гардид. Ин мусобиқа ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ баргузор шуда, бо иштироки васеи сокинон ва дӯстдорони варзиш дар фазои тантанавӣ сурат гирифт. Тибқи иттилои масъулин, ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ байни ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ буд, ки варзишгарон бо ҳам рақобат намуданд.
Мусобиқа, ки тӯли чанд рӯз идома ёфт, имкони хубе фароҳам овард, то ҷавонон маҳорати варзишии худро нишон диҳанд ва дар баробари он руҳияи ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ байни деҳаҳо тақвият ёбад. Дар давоми мусобиқа ҳаводорони зиёд аз минтақаҳои гуногун ширкат варзида, варзишгаронро ташвиқ мекарданд.
Дар ҷамъбаст ғолибон ва дастаҳои фаъол бо сипосномаҳо ва медал қадрдонӣ гардиданд. Масъулони маҳаллӣ таъкид карданд, ки чунин мусобиқаҳо минбаъд низ идома меёбанд ва ба анъанаи нек табдил хоҳанд ёфт. Ин мусобиқа на танҳо як рӯйдоди варзишӣ, балки як василаи мустаҳкамсозии дӯстӣ байни деҳаҳо ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.

 Рускый
 Рускый
             
                                    
