http://balkhi.tj/
Вохӯрӣ бо волидайни хонандагон
11-02-2021, 13:29 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Вохӯрӣ бо волидайни хонандагон

    Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатии ноҳия, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатии ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ШВКД ва дигар бахшу шӯъбаҳо шомиланд, дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо волидайни хонандагон вохӯрӣ намуда истодааст. Аз ҷумла чанде пеш чунин вохӯрӣ дар муассисаи таълими таҳсилоти умумии №10-и ноҳия доир карда шуд. Аъзои гурӯҳи корӣ дар ин вохӯрӣ доир ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи хонандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемории «Ковид-19» аз ҷониби хонандагон ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуданд.

    Аз падару модарон даъват карда шуд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, масъулиятшинос бошанд. Ҳамчунин онҳо ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист даъват карда шуданд.

    Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ баргузор шуда истодааст.

скачать dle 12.1
Просмотров: 54  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.