http://balkhi.tj/
Иштирок дар «Озмуни дастархонороӣ»-и вилояти Хатлон
12-02-2021, 13:44 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Иштирок дар «Озмуни дастархонороӣ»-и вилояти Хатлон

    Тибқи Амри Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардидааст.

    Ҷиҳати иҷрои Амри мазкур имрӯз дар маркази вилояти Хатлон ғолиби ҷойи якуми «Озмуни дастархонороӣ» -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷамоати деҳоти Узун бо иштироки васеъи занон ва бонувон, ҳунармандону косибон, нонпазу ошпазон ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Дар озмун иштирокчиён ҳунари воло нишон дода, бо маҳсулоти нониву қаннодӣ ва хӯрокҳои миллии анъанавӣ дастархонҳоро омода ва пешкаши аъзои Комиссия намуданд.

     Мақсади гузаронидани озмуни мазкур ин рушди анъана ва ҳунарҳои миллии дастархонороии мардуми тоҷик ва ба тариқи сарфаю сариштакорона гузаронидани маъракаҳо ба шумор меравад.
скачать dle 12.1
Просмотров: 88  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.