http://balkhi.tj/
Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
25-03-2021, 13:51 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

  Сарвари давлат бо шароит ва имконоти боғчаи нав шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён суҳбати самимӣ доир намуданд.

 Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии хусусӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардидадар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

 Сохтмони иншоот бо ҷалби ҳунармандони соҳибзавқ анҷом ёфтадохили боғча бо санъати баланди меъмории миллӣки мутобиқ ба завқу салиқаи кӯдакон мебошадзебу оро дода шудааст.

   Боғчаи “Санавбар” аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирадТавре маълум гаштомӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон  тоҷикӣрусӣанглисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён дар асоси озмун ба кор қабул карда шуданд. Дар иншооти нави соҳаи маориф 32 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

 Муассисаи томактабӣ ҳамчунин дорои утоқи алоҳидаи тиббӣкитобхонаошхона ва толори фарҳангӣ будадар маҷмӯъ дорои 22 утоқ мебошадАйни замон дар боғча 8 гурӯҳ  таъсис ёфтаифтитоҳи иншооти нав дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷое мушкилоти сокинони маркази ноҳияро дар самти дастрасӣ ба муассисаи томактабӣ ҳаллу фасл намуд.

 Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тӯҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

   Дар Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар” имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кудакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумладохили гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёниятҳои муосиру замонавӣ таъмин буда, ороиши дохили утоқҳо низ мувофиқ ба хоҳишу завқи кӯдакон анҷом дода шудааст.

скачать dle 12.1
Просмотров: 43  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.