http://balkhi.tj/
Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
25-03-2021, 14:11 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фаъолияти Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардидаон бо тамоми талаботи меъморию шаҳрсозии муосир аз ҷониби соҳибкори ҷавон Нурулло Ҳакимзода бунёд гардидааст.

Қобили зикр аст, ки иншоот дар масоҳати умумии 900 метри мураббаъ доман густурда, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар қабати якум мағозаҳои хӯрокворӣгулфурӯшӣмасолеҳи сохтмонтолори арӯсӣқаҳвахонануқтаи таъмиру шустушӯи нақлиёт ҷойгир будаошёнаи дуюм тарабхона ва меҳмонхонаро дар бар мегирад.

Тарабхонаи “Замира” аз 150 ҷойи нишаст иборат будамеҳмонхона барои 25 нафар пешбинӣ гардидаастИттилоъ дода шудки бо бунёди маркази бисёрсамтаи “Замира”дар маҷмӯъ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидакормандони марказ пеш аз оғози кор аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштаанд.

Намои берунаи бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфтақомат афрохтани он ба ҳусни ноҳия зебогии тоза зам менамоядГирду атрофи иншоот бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ зебо шудатамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯшу чароғон гардидаастҲамчунин барои мизоҷон дар саҳни бино 2 суҳбаткадаи муосир бунёд шудааст.

Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати содиқонаю софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ба фаъолият пардохтани маркази мазкур ҷиҳати татбиқ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи туризм замина гузошта, ҳамчунин барои бо кор таъмин намудани аҳолии бешуғл мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома доштадар назар астки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз садҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

скачать dle 12.1
Просмотров: 33  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.