http://balkhi.tj/
ИФТИТОҲИ ДАРОМАДГОҲИ НОҲИЯ
31-03-2021, 11:51 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ИФТИТОҲИ ДАРОМАДГОҲИ НОҲИЯ

      Рӯзи 24 марти соли 2021 Даромадгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ азнавсозӣ гардида, нишони ноҳия бо навиштаҷоти номи ноҳия бо баландии 12 метр сохта шуд. Дар майдони назди нишони ноҳия, ки масоҳати он 1000 метри мураббаъро ташкил мекунад, гулҳои рангоранг шинонида, чароғон карда шуд. Ҳамчунин дар ин ҷо расмҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон ва Муқаддасоти Тоҷикистон низ гузошта шудааст. 

   Ин корҳои ободонӣ аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ анҷом дода шудааст.

скачать dle 12.1
Просмотров: 40  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.