http://balkhi.tj/
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ СОЛИ 2021
15-04-2021, 08:34 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ СОЛИ 2021

     Дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.

     Дар маҷлис муовини якум ва муовинони раиси ноҳия дар бораи фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия ҳисобот доданд.

      Раиси ноҳия дар суханронии худ доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

     Дар маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Зоирзода Умед иштирок ва суханронӣ намуд. 

     Дар охир аз фаъолони ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо сокинону соҳибкорони ноҳия корҳои ободонию созандагиро вусъати тоза бахшанд. 

скачать dle 12.1
Просмотров: 16  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.