http://balkhi.tj/
КИРМАКПАРВАРӢ МУТАШАККИЛОНА ҶАРАЁН ДОРАД
23-04-2021, 05:10 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Пилла барои  корхонаҳои саноатӣ  ҳамчун ашёи хом ба шумор  меравад. Рушди соҳаи  пиллапарварӣба тараққӣ ёфтани  соҳаи саноати сабук  вабарои амалӣ гардидани  яке аз ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати мамлакат-  саноатикунонии босуръати кишвар  аҳамияти калон дорад. Ин нуктаро пиллапарварони ноҳия ба хубӣ  дарк  намуда,имрӯзҳо  саргарми  парваришикирмак мебошанд. 

   Тарве ки зимни суҳбат намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар ноҳия  Мирзоалӣ Одилов  зикр намуд, мавсими  кирмакпарварӣ ҳарчанд бештар аз як моҳро дарбар мегирад,  он  аз кирмакпарварон  заҳматишабонарӯзиро  талаб  мекунад.Барои ба  даст овардани ҳосили баланди пилла бояд  қоидаҳои агротехникии  нигоҳубини  кирмак дурустриоя карда шаванд.  Масалан,  хонае,ки дар он кирмак парвариш  карда мешавад,  ҳарораташ   дар 25-26  дараҷа  гармӣнигоҳ  дошта шавад. Дар як шабонарӯз ба кирмак    6-7 маротиба барги тут  додан лозим аст.  Дар сурати риоя накардани  қоидаҳоинигоҳубини кирмак мо наметавонем, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст орем.  

  Ба гуфтаи  М. Одилов, кирмак дар давоми  25шабонарӯз танида тайёр мешавад. Як қуттӣкирмак  аз аввал то охир,  яъне азрӯзи зиндашавӣ то пилла танидан 750-900 кг барг мехӯрад ва тибқи нишондод  ба ҳисоби миёна  бояд аз як қуттӣ 45-50 кг пиллаи тоза  ба даст оварда шавад.  

     Бояд қайд намуд, ки дар ноҳия кирмакпарварони  номӣ хеле зиёданд. Онҳо  дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ низ ҳамчун пиллапарварони беҳтарин шинохта шудаанд. Бо  ҳамроҳии Мирзоалӣ Одилов  аз рафти парвариши кирмак дар хонаҳои пиллапарварони пешқадам Муаттар Туйчиева, Нанаде Эшмуродов  ва Каромат Бойқобилова дидан намудем.   

    Пиллапарвари соҳибтаҷриба  Муаттар Туйчиева, сокини Ҷамоати деҳоти Ҳалевард, ки 48 сол боз ба  пиллапарварӣ машғул аст,  ҳар сол аз як  қуттӣ  тухмикирмак 55-60 кг пилла ба даст меорад. Номбурда мегӯяд, ки пиллапарварӣ  фоидаи хуб дорад. Бар  замми маблағипилла  боз навдаҳои  тутро бароинон ва хӯрокпазӣ истифода мебаранд, ки ин ҳам барои ҳар як оила фоидаи калон аст.  Имсол низ Муаттар Туйчиева як қуттӣ тухми кирмак гирифта парвариш намуда истодааст. То имрӯз кирмакҳои гирифтааш аз хоби 4-ум  бедор шудаанд ва пас аз ҳафт шабонарӯз ба пилла таниданшурӯъ мекунанд ва як ҳафта пас аз он тайёр мешаванд.  Ӯ ният дорад,ки  имсол аз як қуттӣ  зиёдааз 60  кг  пилла ба даст орад. 

     Аз  рӯииттилои  намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар ноҳия  Мирзоалӣ Одилов   дар тӯли 8 соли охир пиллапарварони ноҳия дар вилояти Хатлон аз аввалинҳо шуда, иҷрои нақшаи пилласупориро таъмин намуда истодаанд. Имсол  тибқи дурнамо ба кирмакпарварони ноҳия 1015  қуттӣ тухми кирмаки навъи хитоӣ тақсим карда шуда, дар нақша аст,  ки 45 тоннаву 685 килограмм  пиллаихушсифат  ба даст оварда  шавад. Имсол ба пиллапарварон барои  1 кг пиллаи омехта 10 сомонӣ дода  мешавад. 

скачать dle 12.1
Просмотров: 54  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.