http://balkhi.tj/
С. Ятимов
27-04-2021, 10:34 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
 С. Ятимов: «Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мебошанд»

25. О4. 2021 -«Ховар»         .

    Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарханг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ шуморида мешаванд. Аз мантиқи даъвати рӯй бар ин ганҷ ниҳодани Сарвари кишвар бармеояд: мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро месозем ва онро аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ - бошуурона ҳимоя карда метавонем, агар хонем, омӯзем. Чунин навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саӣмумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Масъалаи ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат», ки дирӯз дар АМИТ «Ховар» бознашр гардид.

    Дар тақвияти ин гуфтаҳо ӯ тазаккур медиҳад, ки озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фуруғи маърифат» дар баробари ин ки инқилоби фархангии Пешвои миллат доир ба ташкилу танзими тарзи ҳаёти нав мебошанд, оғозгари таҳавуллоти ҷиддиву бунёдӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат низ ба шумор мераванд.

Ба таъкиди С. Ятимов, методологияи таҳияи Паём ва сохтори мантиқии он низ, тавре хотирнишон шуд, таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Яъне мардум вақте ҷиддан, бори дигар дар сатҳи олӣ ба хондани китоб даъват гардид, ки имконоти комил ва дастрасӣ ба ин ғизои маънавиро паӣдо кард: Ватанаш осуда, хонааш обод, дастархонаш пур аз неъмат, хотираш чамъ гашт. Мулк равшан шуд. Корхонаҳо ба кор даромаданд. Киштзору мазраву боғҳо сабзу хуррам ва серҳосил шуданд. Роҳу нақбҳо бунёд гардид. Дидори якдигарии қавми чор мулки асл, ки қаблан фаслҳо дошт, васл ва муттасил гашт. Тибқи урфу одати миллӣ қонунмандӣ паӣдо кард. Мулк ваҳдатобод, Тоҷикистон гулистон ва умедгоҳи ҳама ҳамватанон шуд. Беҳтарин мактабҳо бо шароиту имконоти сатҳи олӣ, ки макони хуби донишандӯзианд, бунёд гардиданд.

      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз усули муқоисавӣ-таърихӣ рақамҳоеро мисол меоранд, ки умумият ва фарқияти соҳаи маорифро дар самти тайёр кардани кадрҳо дар гузашта ва имрӯз баръало нишон дихад: «Чунонки борҳо хотирнишон карда будам, то замони истиқол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷу фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст».

    Муаллиф менависад, ки дар баробари дастовардҳо дар соҳаи рушди инфрасохтории маориф, Роҳбари давлат ба он ишора мекунанд, ки тағйироти миқдорӣ ҳанӯз нишонгари дараҷаи касбият ва тахассусмандии хатмкардагони мактабҳои олӣ буда наметавонад. Зеро ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷимоии кишвар маҳз тавассути сатҳи баланди касбии кадрҳо таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ, ӯ доӣр ба касбомӯзӣ ва омодагии кадрҳо сухан ронда, таъкид месозад, ки кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ бояд сифатҳои воқеии корманд бошанд.

     Тағйироти мусбати миқдории инфрасохтори соҳаи маорифро ёдовар шуда, Сарвари миллат ҳамчунон ишора мекунанд: «Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

     «Тахассусмандӣ ва сифатҳои шахсии соҳибкасб аввалин аломатҳое ҳастанд, ки омма оҳоро зуд эҳсос мекунад. Интизории ҷомеа аз хатмкардагони мактабҳои миёна, олӣ, соҳибунвоҳои илмӣ он аст, ки тибқи дараҷаи эълоншудаи маълумот шахс аз худ амалҳои судманди баробарвазн ва ҳатто зиёда аз онро нишон диҳад», — тазаккур медиҳад С. Ятимов.

скачать dle 12.1
Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.