http://balkhi.tj/
Либоси миллӣ - рукни муҳими фарҳангӣ
28-04-2021, 13:51 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Либоси миллӣ - рукни муҳими фарҳангӣ

     Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қаъри асрҳо то имруз симои миллии худро пеш аз ҳама тавассути ҳифзу ҳимояти фарҳангу тамаддун нигоҳдоштааст. Зеро фарҳанг бешубҳа ифодагари руҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар ҳалқу миллат мебошад. Манзалат ва бузургдошти ин суннатҳои миллӣ пеш аз ҳама иқдоми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамчун рисолати аслии занону бонувон дар тамоми манотиқи кишвар бо тарҳи наву нигоҳи тоза эҳё мешавад. 

    Аз сарчашмаҳои таърихӣ мо хуб медонем, ки миллати тоҷик аз азал дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми муқтадир дошта, ҳамчун кошиф ва ихтирокори абрешим ва матоҳои абрешимӣ, аз ҷумла шоҳӣ, атласу адрас, беқасабу карбос, алоча ва чит, бахмалу кимхо, ва чакану гулбаст оламшумул ва дар ҷаҳон маъруф аст. Хушбахтона занону модарони тоҷик имруз ин анъана ва рисолати фарҳангиро идома дода, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақши созанда доранд. Зеро дар ҳама давру замон зан-модар посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат арзёбӣ мешавад. 

     Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби тамоми сокинони фарҳангофари ноҳия хуш пазироӣ шуд. Дар давоми ин солҳо ҳунармандони ноҳия дар чандин фестивалҳои сатҳи ноҳия, вилояти Хатлон, маркази пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва байналмиллӣ иштирок намуда, соҳиби истеъдоди баланди фитрӣ будани занону модарони тоҷикро собит намуданд. Занону бонувони ноҳия аз эълон гардидани ин падидаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ривоҷи ҳунарҳои хонагӣ низ ривоҷ мебахшад, бардошти тоза гирифта, анъанаҳои насли калонсоли худро бо такмили ҳунарҳои дастӣ густариш медиҳанд. 

      Бо ин мақсад рушди ҳунарҳои гилембофӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Маданият ва Узун, гулдузию сузанидузӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Каленин ва Навобод, чубтарошию попуридузӣ дар ҷамоати шаҳраки Балх, қаламрезгию бофандагӣ дар ҷамоати деҳоти Фрунзе ва Ҳалевард ва ҳунари зебои зардузӣ дар ҷамоати шаҳраки Гулистон бештар ру ба рушд доранд. 

    Занону бонувони ноҳия аз шомил гардидани Чакан ҳамчун рукни рушди фарҳанги миллии мардуми тоҷик ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии башар ифтихор намуда, ин мероси ғаниро ҳамеша посдор ва соҳиби тамаддуни қадима будани миллати тоҷикро тавассути ба бар кардани либосҳои миллии хос ба занону бонувон собит менамоянд. 

     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ ҷиҳати таъмини барномаҳои давлатӣ ва иҷрои бевоситаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби либосҳои хуштарҳи миллиро зимни баргузории тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ тарғиб намуда, эҳсоси худшиносӣ ва завқи зебоипарастии ҷавонону бонувонро тақвият мебахшад. 

    Ин анъана минбаъд низ идома ёфта, либоси миллӣҳамчун рукни асосии рушди фарҳангу тамаддуни ғании миллати тоҷик миёни ҷавонон тарғиб хоҳад шуд. 

Абдусаломзода Анзурат муовини

раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


скачать dle 12.1
Просмотров: 9  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.