http://balkhi.tj/
МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ
18-05-2021, 06:16 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Бахшида ба таҷлили 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонид.

      Ба ин хотир чанде пеш дар Гимназияи давлатии №1-и ноҳия конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» гузаронида шуд.

    Дар чорабинии мазкур намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Зафар Алиев ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Раҳмоналӣ Эмомов иштирок доштанд.

     Сараввал омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Сафармоҳ Гадоева суханронӣ намуда, нақши  Мирзо Турсунзодаро дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ мондагор ва омӯзанда арзёбӣ намуд. 

    Баъдан барои пеш бурдани конфронс муаллима риштаи суханро ба барандагон: Одилов Бобомурод ва Раҳимова Нигора дод, то ки барномаи таҳиянамудаашонро пешкаш намоянд.

     Оғози барнома бо суруди «Водии ҳисори ман» аз ҷониби хонандаи синфи 6 Шабнам Латифова хеле гӯшнавоз ба иҷро расид. Хонандагони дигар Самандари Толибҷон, Камолова Фарангис ва Сатторов Саидмуҳаммад низ аз ашъори шоир сурудҳои дилнишин сароида хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

     Инчунин аз шеъру достонҳои устод қироати шогирдон басо ҷаззобу ифоданок садо дод, ки ин аз заҳмати устодони ин даргоҳ дарак медиҳад.

    Хонандагони синфи 9 бо пешниҳоди саҳнача дар мавзӯи «Дӯстии халқҳо», ки аз ҳаёти устод Турсунзода ва шоираи ӯзбек Зулфия нақл мекард, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати дигар бахшиданд.

     Ҳамин тавр чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимии №№42, 44, 46, 61, 62 низ баргузор гардонида шуд, ки ҳамаи ин қадршиносии ворисони миллат нисбат ба хизматҳои шоёни устод Мирзо Турсунзода ҳамчун вассофи сулҳу дӯстӣ ва қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.скачать dle 12.1
Просмотров: 37  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.