http://balkhi.tj/
КОРРУПСИЯ -ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
9-06-2021, 06:14 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

    Масъалаи коррупсия ҳамчун кирдори зиддиҳуқуқӣ дар замонҳои пеш, дар китоби муқаддаси мусулмонон- Қуръони Карим ва баъдан дигар қонунҳо ба мисли қонуни 12 Ҷадвал ба назар мерасад.Дар сарчашмаҳои зикргардида гирифтани пора ё ришва ҳаром шуморида шуда, ҳамчун ҷиноят ва гуноҳи бузург дониста шудааст.

    Коррупсия чун падидаи номатлуби ҷомеаи муосир, ки аъзои солим ва қувваҳои пешқадами ҷамъиятро ба ташвиш овардааст, дар амалияи мақомоти давлатӣ, идоракунии давлатӣ таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба як низоми мониторинг, яъне таҳлили донишҳо ва таҷрибаи муборизаи шадид бо коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки механизми танзими ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷрибаи мақомоти ваколатдори махсусгардонидашуда оид ба мубориза бар зидди коррупсия, ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия такя менамояд. 

     Имрӯз агар мо шарҳи мафҳуми «коррупсия»-ро аз адабиётҳои ҳуқуқӣ ҷустуҷӯ кунем, бо чунин тафсир рӯ ба рӯ мешавем: «Коррупсия ин кирдори ҳаракат ё беҳаракатии шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои худро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайри моддӣ, инчунин бо ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо, бо мақсади моилкунӣ ва ё қадркунии онҳо, барои иҷрои ин ё он амал ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода мебаранд».

      Масоили коррупсия дар ҳудуди давлатҳои пасошуравӣ, махсусан дар Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими заифкунандаи сутуни давлату иқтисодиёт, амнияти иқтисодии давлат ва пешравию тарақиёти истеҳсолот, беадолатии иҷтимоӣ хеле ба мушкилоти доғи рӯз мубаддал гардидааст.

     Бо ҳамин мақсад вобаста ба волоияти қонун таҳкими қонуният, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини ҳуқуқҳои иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳрвандон ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия», «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 тасдиқ шудааст, қабул гардида баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани ин кирдори зидди ҳуқуқӣ мавриди корбаст қарор дода мешавад. 

     Бо такя бар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар боло оварда шуда, баҳри ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани коррупсия ва омилҳои коррупсионӣ дар баробари муқовимат аз ҷониби, мақомотҳои давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ваколатдори махсусгардонидашуда дар самти мазкур инчунин мавқеи устувори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба аҳамияти калон молик аст. Аз ин лиҳоз, ба хотири рушди иқтисодиёти кишвар, ғанӣ гардонидани буҷаи хонаводаи ҳар як сокини кишвар ва дар маҷмуъ буҷаи ҷумҳурӣ дар самти решакан намудани коррупсия ҳар як сокини кишварро мебояд муқовимати воқеӣ нишон диҳанд.

Имадов Ш. А.,

ҳуқуқшиноси калони Бюрои

давлатии ҳуқуқии ноҳия 

скачать dle 12.1
Просмотров: 13  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.