МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» » БЕХАТАРИИ ШУМО ДАР ДАСТИ ХУДИ ШУМОСТ!

БЕХАТАРИИ ШУМО ДАР ДАСТИ ХУДИ ШУМОСТ!

Бехатарии шумо дар дасти худи шумост!

   Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавии  кӯдакону наврасон дар каналу дарёҳо дар мавсими оббозӣ ва истироҳати тобистона  Бахши Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти  Хатлон  дар  ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ  бо  сокинон  суҳбату  вохӯриҳо  мегузаронад.

  Мутаассифона, баъзе аз наврасону  ҷавонон дар вақти оббозӣ дар каналҳои ҳудуди  ноҳия  қоидаҳои  шиновариро риоя  намекунанд, ки ин ба рух додани ҳодисаи нохуши  ғарқшавӣ оварда мерасонад.

 Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки беназорат мондани  кӯдакону  наврасон низ    сабаби  ба вуқӯъ пайвас тани чунин ҳодисаҳои нохуш мегардад.

 Ҳангоми гузаронидани рейдҳо вазифаи мо бештар бо истироҳаткунандагон  ҳамсуҳбат мешавем ва ба онҳо дар бораи қоидаҳои оббозӣ, наҷоти ғарқшудагон ва ғайра нақл  мекунем.

 Бахши Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти  Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бори дигар ба сокинони ноҳия  муроҷиат карда,  бо эҳтиром  хоҳиш менамояд,  ки  ба қоидаҳои оббозӣ ҷиддан риоя кунанд.  Махсусан,  аз падару модар  хоҳиш карда мешавад, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд.

А. ЮНУСОВ,

сардори Бахши Раёсати ҳолатҳои

 фавқулода ва мудофиаи граждании

вилояти Хатлон дар ноҳия  

dle
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Комментарии:

Оставить комментарий
 

xx
xx
xx.
xx