Рӯзи 25 апрели соли 2024 семинар - машварати ҷумҳуриявии раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Раҳмоналӣ Файзалиев ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир шуд. Меҳмононро дар майдони Парчами миллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулин самимона пешвоз гирифтанд. Сараввал меҳмонон аз Парчам, Нишон, Гулгашт, Пайкараи Мавлоно, Хона-музей ва Мақбараи рамзии шоиру мутафаккири тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ ва ҳамзамон аз муҷассамаи Модари маҳзун, нимпайкараи Сироҷиддин Исоев, Осорхона ва китобхонаи ноҳиявӣ дидан намуда, ба худ таассуроти нек бардошт карданд.