НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Февраль 2023 года » Страница 2

   Суратгузориш аз рафти маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи вакили Маҷлиси вакили халқи вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 19.02.2023

                          КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ

  Санаи 18 феврали соли ҷорӣ ҳайати кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди корхона корҳои шанбегӣ баргузор намуда,  заминҳои назди биноро барои шинонидани гулҳои мавсимӣ омода намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон ҳар хафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳои ноҳия корҳои ободонӣ баргузор мегардад.

                           ВОХӮРИИМУФИДДАРКОЛЛЕҶИЭНЕРГЕТИКИИНОҲИЯ

  Санаи 16 феврали соли 2023 дар толори коллеҷи энергетикии Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрӣ бо иштироки котиби илмии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек, котиби илмии маркази исломшиносӣ, Ризоиён Шералӣ коршиноси ҷамъиятии таҳлил, Ғиёсов Маҳмуд коршиноси Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллзода Хатича мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Хатлон, Саидзода Гулҷаҳон сармутахассиси раёсати кор бо занон, Саидзода Шаҳло намояндаи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Хатлон ва мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия Қурбонзода Хуршед бо сокинони маҳалла ва имомхатибон баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани вохӯрии мазкур дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 " тарғиби тарзи ҳаёти солим , тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба илмомӯзию донишандӯзӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ -терроризму экстремизм, содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад. 

 

   Суратгузориш аз рафти корҳои ободонӣ ва шинонидани гулҳои ороишӣ дар назди КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

                                                               МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯ

    Аз тарафи масъулин, аз ҷумла шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои хуррамгардонии ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат ёфта истодааст. Санаи 15 феврали соли 2023 дар деҳаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷараёни гузаронидани корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтон бо иштироки раиси ҷамоати номбурда Валиҷон Наҷмиддинов, сокинони деҳа 70 адад дарахти арча, 50 дарахти мевадиҳанда ва 100 адад дарахти тут шинонида шуд. Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар маҳаллаи Ленингради 2 низ амалӣ шуда 90 адад арча шинонида шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи сокини маҳалла, раиси хоҷагии деҳқонӣ Рустам Ҷаборов 100 адад дарахти тут шинонида шуд.

 

                        МУБОРИЗА БАР ЗИДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ!

   Дар ҷаҳони имӯрз терроризм ва экстремизм ҷинояти хатари ҷиддӣ ба амният ва оромии ҷомеъа буда, мутаассифона рӯз то рӯз ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Бояд гуфт, ки ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуб буда, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зараре ба иқтисодиёти кишварҳо расонида мешавад. Мафҳуми экстремизм – аз калимаи франсузии (экстремист) гирифта шуда маънояш ифродгароӣ, тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст.    Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои номатлуб, тундравию якравист. Аз андоза гузаштан ин гуна ҳаракатҳо оқибат ба терроризм меорад. Терроризм аз калимаи лотини террор- маънояш тарс таҳдидкардан ва маҳв кардан аст. Таррор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкӯш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар ва маккор оварда шудааст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Террорист Ватан, миллат, дин, мазҳаб ва сарҳад надорад”.  

   Мақсади террорист вайрон кардани сохти конститутсионӣ ва бо роҳи қасдан ва зӯроварӣ ба даст овардани ҳокимият мебошад. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳуқуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону занон, рӯҳониён, асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он, ки чунин омилҳо ва ҳаракатҳо дар гуруҳҳои террористӣ дида мешаванд.

   Бо мақсади пешгирии ҷавонон ва наврасон аз омилҳои номатлуб, шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021, №207 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷуммҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” ба тасвиб расида, моро зарур аст, ки баҳри саривақ ва дар татбиқ амалишавии қарори мазкур, инчунин пешгирии ҷавонони ояндасози ватанамон корҳои ташвиқотиву тарғиботиро пайваста роҳандозӣ намоем.

 

Зухро Атабаева: Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи                              Ҷалолиддини Балхӣ

                                                                                           

 

 

 

   

                                                        РӮЗИ ИНТЕРНАТСИАЛИСТОН ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД!

    Санаи 13 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабалӣ Абдулов 34-умин солгарди аз Ҷумҳурии Демократии Афғонистон баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ иттиҳоди Шӯравӣ бо тантана таҷлил карда шуд. Дар ин ҷамъомад роҳбарон ва намояндагони собиқадорони башардӯсти вилояти Хатлон, муовини раиси интернатсиалистони вилояти Хатлон Моисеев А. В. прокурор ва раиси суди ноҳия, раиси собиқадорони меҳнати ноҳия Файзалиев Раҳмоналӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳия иштирок доштанд. Нахуст раиси иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳия ибрози сухан намуда, бо хотираи шаҳидоне, ки баҳри иҷрои қарзи интернатсионалисти ҷони худро бохтанд, бо дақиқаи хомӯшӣ ёд карда, шуд. Сипас Раҷабалӣ Абдулов суханронӣ намуда, қайд кард, ки саҳми интернатсионалистони собиқадор дар тарбияи насли наврас беназир аст ва фаъолияти пурсамараи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ноҳия ба хубӣ эҳсос мегардад. Айни ҳол иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ноҳия 158 нафарро ташкил медиҳанд. 

                                                            ВОХӮРИИ МУФИД БО ХОНАНДАГОН

    Санаи 14 феврали соли 2023 дар гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Барно Саидова, муовини сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Султонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Хайрулло Ҳакимзода вохӯрии муфид оид ба самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни ноболиғону ҷавонон, зӯроварӣ, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо омӯзгорон, хонандагон ва волидон баргузор гардид. Барно Саидова зимни суханронии хеш зикр дошт, ки масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд, раванди мақсаднок ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудан аст. Ҳамчунин дар навбати худ дигар баромадкунандагон низ оид ба мавзӯъҳои болозикр андешаронӣ намуданд. Чунин вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Калинин, Ҳалевард ва Навоӣ баргузор гардид.

 

                                                                                                                                                                    

Суратгузориш аз рафти кандани заҳбуру заҳкашҳои байни хочагиҳои деқконии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 11.02.2023

 


НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОМА

  Санаи 10 феврали соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма, нишасти матбуотии назди раиси ноҳия баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раисони ҷамоатҳо шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Дар оғоз аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон роҷеъ ба фаъолияти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия маълумотҳои мухтасар пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 33 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мода шудааст. Корхонаҳои саноатии ноҳия дар соли 2022 дар ҳаҷми 252 миллиону 769, 8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 53 миллиону 792 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 125, 8 фоизро ташкил намуд. Дар давоми соли 2022 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ як миллиарду 429 миллиону 157 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 миллиону 366,6 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 102, 8 фоизро ташкил медиҳад. Дар идома рӯзноманигорон вобаста ба пешравӣ ва дигар норасоиҳое, ки дар ташкилоту муассисахои ноҳия ба назар мерасад суолгузорӣ намуда, аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ба суолҳои худ оид ба самти кишоварзӣ, корхонаҳои саноатӣ, ободонии роҳҳо, самти соҳаи маориф ва фарҳанг ҷавобҳои мушахас гирифтанд.

 

 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Февраль 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 

Серхонанда