НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Май 2024 года » Страница 2

 МУҚОВИМАТ БО ФАСОД Ё ХУД КОРРУПСИЯ - АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА

    Рӯзи 20 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сармутахассисони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷаласаи ғайринавбатӣ оид ба коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионидошта баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни маърузаи худ зикр намуд, ки коррупсия барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, субботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

 БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

    Рӯзҳои 13 - 14 майи соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Тутинисо Юсупова, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзо ва ҷамъи довталабони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Озмун аз рӯйи шаш номинатсия - «Адабиёти кӯдакону наврасон», «Адабиёти муосир», «Адабиёти классик», «Адабиёти ҷаҳон», «Эҷоди назм», ва «Эҷоди наср» баргузор гардид. Дар озмун 450 нафар довталаб, аз ҷумла 342 нафар духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 2 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, дар доираи талаботи тартиби озмун бобати аз худ намудани осори манзум ва мутолиаи китобҳо ва ғайра малака ва истеъдоди худро нишон доданд.

  Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъбаст гардида, 41 нафар довталабон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 

 ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

      Санаи 15 майи соли 2024 зимни сафари кории раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон ба ноҳияҳои минтақаи Хатлон бо гирандагони стипендияи Президентӣ аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав бо мақсади қадршиносии барандагони озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша - чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид. 

                                РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД.

     Дар толори Чойхонаи «Шамсулло» рӯзи 15 майи соли 2024 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид. Дар оғоз масъулин аз ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни баромадаш иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи оила муборакбод гуфта, қайд кард, ки дар зиндагӣ сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ оиларо ба хушбахтӣ мерасонад. Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".

           МАҲСУЛИ ДАСТИ ДЕҲҚОН - ОРОДИҲАНДАИ ДАСТАРХОН   

     Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Умаралӣ Абиров аз зумраи деҳқонони ҷавони меҳнатдӯсти деҳаи Зарзамини Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда дар замини наздиҳавлигияш, ки 30 сотихро ташкил менамояд, як гармхонаи дарозиаш 40 ва паҳнояш 7 метрро ташкил намуда, дар он парвариши дарахти лимӯ, помидор, бодиринг, лубиё, занҷабил, қаланфури булғорӣ ва кабудиҳоро ба роҳ мондааст. Ин деҳқони ҷавон инчунин дар заминҳои боқимондаи наздиҳавлигӣ маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва харбуза низ шинонидааст, ки аз хисоби ҳосили ба даст овардаи хеш зиндагиашро таъмин менамояд. 

       БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД

     Санаи 14 майи соли 2024 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Беморхонаи марказӣ, ҲХДТ дар ноҳия ва дигар ташкилоту идораҳо ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид, ки дар он 80 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Дар чорабинии зикргардида ба 15 нафар шаҳрвандони бекор ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия тавсиянома дода шуд, ки аз ин микдор 14 нафарашон ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

  

                                                              СУРАТГУЗОРИШ

   Санаи 14 май соли 2024 дар толори меҳмонхонаи Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи оила аз тарафи фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарони ташкилоти ҷамъияти бонувони ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун ва Қубодиён барои иштироки фаъолона дар лоиҳаи ''Посухдиҳӣ ба хушунати гендерӣ, тавассути вусъатдиҳии иштироки иқтисодӣ ва шаҳрвандии занон'', саҳми арзанда дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шароити хона Сертификат тақдим карда шуд.

 

                  АМАЛИ ХУНСУПОРӢ - БЕҲДОШТИ САЛОМАТИИ МАРДУМ

  Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб хунсупорӣ ба саломатии инсон фоидаовар буда, он бемориҳои системаи рагҳои хунгард, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Тарғибу ташвиқи кормандони соҳаи тандурустӣ мусоидат намудааст, ки имрӯз сокинони кишвар аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият барои адои қарзи инсонии худ ба хунсупорӣ мераванд. Дар ин замина санаи 13 майи соли 2024 дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъракаи хунсупорӣ бо иштироки фаъолонаи кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар маъракаи хунсупорӣ 120 нафар иштирок намуда, бо мақсади наҷоти беморон хун супориданд. Ин амал барои беҳдошти саломатии мардум ва муайян намудани вазъи саломатии онҳо аҳамияти калон дорад.

 

 

 

 

 

 

                                    ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

    Рӯзи 8 майи соли 2024 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар назди муҷассамаи Модари маҳзун ва нимпайкараҳои қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, ки дар Боғи фарҳанги ба номи Умар Хайём ҷойгиранд, бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидон гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд. 

ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ    

    Собиқадорони ҷангу меҳнат беҳтарин солҳои умри худро ба озодию ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанг бахшиданд. Дар навбати худ дар назди наслҳои имрӯзаву оянда вазифаи боз ҳам муқаддастару масъулияти бузургтари таърихӣ истодааст, аз ҷумла нигоҳ дошта тавонистани оини давлату давлатдории миллӣ, боз ҳам устувор намудани Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ масъулияти таърихии наслҳои имрӯзаву оянда аст. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 

Серхонанда