ВАРЗИШ БАРОИ ВАҲДАТ: ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ НОҲИЯВИИ ВОЛЕЙБОЛ
Аёдати шахси имконияташ маҳдуд дар остонаи Иди Қурбон Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон - яке аз ҷашнҳои пурфайзи динии мардуми мусулмон, таваҷҷуҳ ба ашхоси эҳтиёҷманд ва маъюб беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад.
Бо ҳамин ҳадаф, роҳбари ташкилоти маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сафархуҷа Ҳисайнов ба манзили Файзулло Қурбонов, сокини Ҷамоати шаҳраки Гулистон, ташриф оварда, ба ҳолпурсӣ ва расонидани кумакҳои ғизоӣ иқдом намуд. Файзулло Қурбонов, ки 63 сол дорад, беш аз 30 сол аст бо имконияти маҳдуд зиндагӣ мекунад. Аммо маҳдудияти ҷисмонӣ ҳаргиз ӯро аз зиндагии шоиста ва пуршараф бознадоштааст. Ӯ намунаи равшани шахси сабур ва заҳматкашест, ки бо руҳи баланд ва иродаи қавӣ ҳар рӯзро бо шукрона оғоз мекунад. Бо вуҷуди ин, номбурда дар замини наздиҳавлигиаш бо меҳнати ҳалол ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст.
Аз ҷумла помидор, бодиринг, булғорӣ, полезиҳо ва дигар сабзавотро парвариш намуда, барои таъмини рӯзгори хонаводааш истифода мебарад. Ҳамчунин, дар ҳавлӣ дарахтони мевадиҳанда парвариш ёфтаанд, ки рӯзгори ӯро боз ҳам сарсабзтар месозанд. Зиндагии шоистаро метавон ҳатто дар шароити мушкил низ идома дод, агар иродаи қавӣ ва меҳнати ҳалол ҳамсафари инсон бошад. Ин гуфтаҳо бар зиндагии Файзулло Қурбонов комилан рост меоянд - шахсе, ки бо хоксорӣ, сабру таҳаммул ва меҳнати пайваста ба як намунаи ибрат дар ҷомеа табдил ёфтааст.
Амаки Файзулло соҳиби 5 фарзанд ва 18 набера буда, дар ҳалқаи оилаи меҳрубон умр ба сар мебарад. Муҳити хонаводагӣ ва дастгирии фарзандон барои ӯ сарчашмаи неру ва умеду шодмонӣ мебошад. Мисли Файзулло Қурбонов одамоне ҳастанд, ки бо вуҷуди маҳдудият, намунаи зиндаи устуворӣ ва заҳмати ҳалоланд. Аёдати чунин шахсиятҳо на танҳо баёнгари эҳсони як рӯз, балки ифтихори як ҷомеа мебошад. Сафархуҷа Ҳисайнов зимни аёдат изҳор дошт, ки дастгирии маъюбон ва эҳтиёҷмандон на танҳо масъулияти иҷтимоӣ, балки рисолати инсонӣ ва ахлоқӣ низ мебошад. Ҳар кумаки хурд метавонад умеде калон бошад барои касе, ки бо мушкилӣ зиндагиро пеш мебарад. Мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатманд бо дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд дар рӯзҳои ид, ба хусус Иди Қурбон, на танҳо эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва мазҳабӣ зоҳир мекунанд, балки ба таҳкими руҳи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа низ саҳм мегузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки аёдати шахсони имконияташон маҳдуд танҳо як амали нек нест, он эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва пос доштани руҳи якпорчагии ҷомеа мебошад.
Бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи омодагии хадамоти давлатии оташнишонӣ ва сари вақт вокуниш нишон додан ба ҳодисаҳои сӯхтор, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад нақлиёти оташнишонии нав ва пуриқтидорро ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон равона кард.
Нақлиёти мазкур, ки аз ҷиҳати техникӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир мебошад, имконияти кашондани 20 тонна об ва маводи кафккунандаро дорад. Инчунин он бо таҷҳизоти муосири оташхомӯшкунӣ, аз ҷумла рӯдаҳои оташнишонӣ ва дигар лавозимоти муҳими наҷотдиҳӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Маросими супоридани ин мошини махсус бо иштироки шахсони масъул - раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва Сардори хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, подполковники хизмати дохилӣ Исломзода Фаррух баргузор шуд. Ин иқдом на танҳо такони муҳим дар самти боз ҳам беҳтарсозии шароити кори воҳидҳои оташнишонӣ дар ноҳия мебошад, балки қадами устуворе дар таъмини амнияти сӯхторӣ барои аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Бо ворид гардидани чунин техникаи пуриқтидор, имконияти хадамот дар посухи саривақт ба ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши талафоти эҳтимолӣ ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ФУТБОЛИ ҶАҲОНӢ ДАР НОҲИЯ Ҳамасола 25 май дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун иди дӯстдорони ин навъи варзиши маҳбуб таҷлил мегардад. Ба ҳамин муносибат, рӯзи 24 май дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-варзишӣ доир гардид, ки ба як ҷашни воқеии футбол ва ваҳдати варзишгарону сокинон табдил ёфт. Чорабинии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин мактаби варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ташкил шуда, ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ дар байни насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш буд. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони соҳа ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Қурбонзода Қурбоналӣ дар сухани ифтитоҳии худ қайд кард, ки футбол на танҳо як бозии варзишӣ, балки воситаи муҳими тарбияву ташаккули рӯҳияи ҷавонон, таҳкими дӯстӣ ва муаррифии миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин рӯз наврасону ҷавонон аз муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои варзишӣ бо шукӯҳу шавқ дар сабқатҳои гуногун - аз футболбозии кӯдакона то намоиши маҳорати техникаи футбол ширкат варзиданд. Мувофиқи маълумоти ташкилкунандагон, дар чорабинӣ зиёда аз 1000 нафар иштирок намуда, як қатор фаъолон бо туҳфаҳои варзишӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин туҳфаҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ва ҳавасмандсозӣ ба ҷавонони фаъол тақдим гардиданд. Ин рӯз на танҳо барои дӯстдорони футбол, балки барои тамоми сокинони ноҳия як рӯйдоди хотирмон буд. Чунин чорабиниҳо, ба гуфтаи иштирокчиён, дар рушду тавсеаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи руҳияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим доранд. Дар фарҷоми чорабинӣ масъулин изҳор доштанд, ки баргузории чунин ҷашнҳо дар оянда низ бо шукӯҳи бештар идома хоҳад ёфт ва футбол ҳамчун варзиши миллию ҷаҳонӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ хоҳад буд.
БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН. Имрӯз, 22 майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар толори муассиса, миёни машқварзони гурӯҳҳои синну солашон 2012-2015-и мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини ҷудо баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз рӯйи 12 вазн рақобат намуда, шумораи умумии иштирокчиён 85 нафарро ташкил медод. Ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян ва бо Диплом ва медалҳои таъсиснамудаи мактаби варзишии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.