МАҲСУЛИ ДАСТИ ДЕҲҚОН - ОРОДИҲАНДАИ ДАСТАРХОН
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Умаралӣ Абиров аз зумраи деҳқонони ҷавони меҳнатдӯсти деҳаи Зарзамини Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда дар замини наздиҳавлигияш, ки 30 сотихро ташкил менамояд, як гармхонаи дарозиаш 40 ва паҳнояш 7 метрро ташкил намуда, дар он парвариши дарахти лимӯ, помидор, бодиринг, лубиё, занҷабил, қаланфури булғорӣ ва кабудиҳоро ба роҳ мондааст. Ин деҳқони ҷавон инчунин дар заминҳои боқимондаи наздиҳавлигӣ маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва харбуза низ шинонидааст, ки аз хисоби ҳосили ба даст овардаи хеш зиндагиашро таъмин менамояд.