НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Сентябрь 2023 года

ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

      Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда истодааст. Ҷавононро мебояд аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Пас аз хатми мактаб хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донанд. Ҳаминро қайд мебояд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа зиндагии осудаи наслҳои оянда баҳри ҳар як ватандор қарзи фарзандӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҳимояи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро аксари ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар софдилона хизмат мекунанд. Алҳол, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб аст, барои саркашӣ аз хизмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад. 

ЧОРАБИНӢБАХШИДАБА«РӮЗИРӮДАКӢ» «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем». Эмомалӣ Раҳмон.

    Рӯзи 20 сентябри соли 2023 дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мудири бахши фарҳанги ноҳия Латифзода Насиба, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, методисти китобхонаи марказӣ Лутфинисо Азизова, китобдорони филиалҳо, хонандагони китобхонаи марказӣ ва бачагона чорабинии фарҳангӣ - маърифатӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» таҳти унвони «Ҷаҳон аз Рӯдакӣ мешавад сар» баргузор гардид. Инчунин дар толор гӯшаи намоиши китобӣ, маълумотномаҳои библиографӣ бо номи «Устод Рӯдакӣ - қофиласолори шеъри ҳикматӣ» ташкил намуда, ба марази умум гузошта шуда буд. Зикр гардид, ки устод Рӯдакӣ бо хизматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ки ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, нигоҳи тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ карда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Сипас, китобдорони филиалҳо оид ба маънавиёт суханронӣ намуда, хонандагони китобхонаи марказӣ ва бачагонаи ноҳия порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоир қироат намуданд.

Навиди Балх

 

 

 

 

                                              ВОХӮРИИ СУДБАХШ

  Санаи 19 сентябри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон вохӯрии судбахш бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло барои дуруст истифода бурдани заминҳои кишту кор ба хоҷагиҳои деҳқонӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд. Зикр дошт, ки барои кишти тирамоҳӣ намии замин аҳамияти калон дорад. Бинобар ин дар ҳавои мусоид як рӯз пеш аз кишти зироат ба замин тавсия дода мешавад, ки пуштаҳоро нағз об диҳанд. Ин бори дигар хокро фишурда, барои ташаккули системаи решаи растанӣ муҳити мусоид фароҳам меорад. Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб меравад. Пахта агар чанде растании бисёрсолааст, дар зироаткорӣ ҳамчун растании яксола парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон асосан 2 намуди он пахтаи муқаррарӣ ва мисрӣ кишт карда мешавад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти пахта 9807 гектар, нақшаи дурнамои он 22960 тонна, то имрӯз 4550,5 тонна ба корхонаҳои коркарди пахта супорида шудааст, ки фоизи иҷрои он 19,8% дурнаморо ташкил медиҳад. Ғалаи тирамоҳӣ 1640 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик оғоз меёбад. Кишти пиёзи барвақтӣ 820 гектар ба нақша гирифта шуда, то 19 сентябр 113 гектар иҷро гардидааст, ки 13,8% дурнаморо дар бар мегирад. Кишти такрории сабзӣ 414,2 гектар иҷро гардидааст, ки нақшаи он 304 гектар, фоизи иҷрои он 136,3 мебошад. Истифодаи самараноки заминҳои ёрирасон яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон замини дурусти захирасозӣ ва кишти такрорӣ барои фасли зимистон мебошад.

Навиди Балх



   ТАҚДИМИАРОБАЧАИМАЪЮБӢДАРАРАФАИҶАШНИИСТИҚЛОЛИ    ДАВЛАТӢ.

    Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар арафаи ҷашни рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо ба Сафаров Шамсиддин истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Балх аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.

 

                            СОХТАНИ КӮПРУК - АМАЛИШОИСТА

         Бузургони илму ҳикмат ва аҳли уламо хоса зикр намудаанд, ки обод кардани роҳ, сохтани кӯпрук, ҷорӣ кардани об, дарахтеро сабз ва боғеро бунёд намудан, дар қади роҳ сарпаноҳе барои роҳгузарон сохтан ва дили нафарони дигарро шод кардан аз ҷумлаи амалҳои неку шоистае маҳсуб меёбанд, ки савоби онҳо басо бузург аст. Ин аст, ки дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обчакорони Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинон як кӯпруки нав сохта истодаанд. -Дарозии кӯпруки болозикр 15 метр, баландиаш 3,5 метр ва паҳмиаш 9 метр мебошад, ки 10 маҳалларо бо ҳам пепайвандад. Масъалаи тармими кӯпруки мазкур яке аз мушкилоти асосии сокинони деҳа маҳсуб меёфт. Бо дастгирӣ ва маблағгузории сокинони маҳаллаҳои гирду атроф кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ кӯпрукро сохта ба истифода супорем, - мегӯяд бо хушҳолӣ сокини деҳа Сироҷиддин Маҳмадраҳимов.

 

 

 

 

 

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН.

    Рӯзи 4 сентябри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, вакил аз ҳавзаи интихоботии №30 Одиназода Ҳуснигул, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 Шарофзода Гавҳар, вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш №32 Абдусаломзода Мунаввар, интихобкунандагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва аз тамоми ташкилоту муассисаҳо суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндагон зикр доштанд, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади тарбияи ватандӯстиву худшиносии миллии ҷавонону наврасон ва ҷалби ондо ба хизмати Модар - Ватан чорабиниҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, ояндаи давлату миллат мебошанд. Бояд ҳар як шахс ватани худро дӯст дорад ва хизматашро мардонавор ба ҷо оварад ва ифтихор кунад, ки зодаи чунин ватани зебо аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизамон дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ пойдор аст. Аз ин ҷиҳат, корҳои сзандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси усули таљзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтирому ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад ва инчунин ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ноҳия менамояд.

                                 18 АВГУСТ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

         Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август таҷлил карда мешавад. Дар ин робита имрӯз 18 августи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Холов Азизулло, сартабиби беморхонаи марказӣ Қурбонов Ниёзмаҳмад ва кормандони соҳаи тандурустӣ Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд. Нахуст муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба ин муносибат табрик намуда, иброз дошт, ки табиб аз лиҳози тафаккур бояд дили пок, андешаи солим ва дасти сабуки равонбахш дошта бошад. Дар замони муосир нақши соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ гардида, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар миллат аз он шаҳодат медиҳад. Зеро заминаи асосӣ ва боэътимоди рушди ҳар давлату ҷомеа пеш аз ҳама ба солимии аҳолӣ вобаста мебошад. Имрӯзҳо кишварҳои пешрафтаи олам байни худ танҳо дар ин арса равобити густурда доранд. Дар ин самт ҳадафи асосии сиёсати давлатро фароҳам овардани шароит барои рушду инкишофи соҳаи тиб ва ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ташкил медиҳад. 

                                ҲИФЗИ ВАТАН РИСОЛАТИ БУЗУРГИ ФАРЗАНДИСТ

          «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву Ваҳдат ва Истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем». Эмомалӣ РАҲМОН Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дорои заминаи мустаҳками техникӣ ва ҷомеаи меҳнатии корозмуда буда, дар сафи худ садҳо ҳазор аъзои ихтиёриро муттаҳид менамояд. Тибқи иттилои роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия Ибодуллоҳ Набиев айни ҳол дар ташкилоти болозикр аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чор гурӯҳ иборат аз 104 нафар курси ронандагӣ таҳсил намуда истодаанд, ки ба онҳо омӯзгори пуртаҷриба амаки Муҳиддин Одинаев дарс гуфта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро меомӯзонад. Онҳо пас аз хатм ва ба даст гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд.

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Сентябрь 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда