НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Ноябрь 2023 года

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАРНОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    Бахшида ба иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса чорабиниҳои идона гузаронида шуд. Имрӯз, 23 ноябри соли 2023 сокинону ҷавонон ва кормандони корхонаву ташкилотҳои ноҳия ба даст Парчам ва шиору овезаҳо гирифта, аз маркази ноҳия то назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ роҳпаймоӣ намуданд. Инчунин, дар роҳпаймоӣ раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ва собиқадорону фаъолон иштирок намуданд. Сипас, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар назди Парчами давлатӣ гулчанбар гузошт. Баъдан дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Зимни сухани табрикиаш раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон кулли сокинони ноҳияро табрик намуда, зикр дошт, ки Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад.

ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Санаи 2 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳия бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро бо камоли эҳтиром ва таманниёти нек ба ифтихори ин ҷашни фархундаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рӯзгор ва сарбаландиву барори кор таманно намуданд. Қайд гардид, ки воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони маҳбуб ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз Истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон ва қабули ин санади тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Зеро Конститутсияи мо худ маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст. 

МАҚОМОТИ МИЛИТСИЯ-НЕРУИ МУҲОФИЗИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ    Ҳамасола санаи 10 ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз 8 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати кормандони милитсия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон суханронӣ намуда, тамоми кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуданд. Изҳор гардид, ки дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷоннисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хосатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд, аҳамияти бориз дорад. Маҳз тавассути чунин хизматҳои бемисл Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт. Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд.

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930