http://balkhi.tj/
НАҚШИ АҲОЛӢ ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
25-08-2020, 14:50 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

НАҚШИ АҲОЛӢ ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ


         Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки худ пур аз таззоду мушкилиҳо ва ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши терроризму экстремизм, ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба гумроҳӣ бурдани одамон воқеан ҷойи нигаронист.

       Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад, ки онро дар асоси қонунҳои дар ин самт қабулшуда ва тавассути мақомоти дахлдор анҷом медиҳад.

        Ба таври махсус таъкид бояд дошт, ки нисбат додани терроризму эктремизм ба дини ислом ва шариати исломӣ, ривоят овардан аз ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад (с) ва ҳамчун далел асоснок намудани амалҳои ифротӣ ё ба ҳар навъе алоқаманд донистани ин омилҳои номатлубу нанговар ба дину мазҳаб хатои бузург аст. Терроризму эктремизм ҷузъе аз сиёсати абарқудратҳост, ки барои амалисозии ҳадафҳои худ ва ҳамчун тиҷорати бузург дар кишварҳои аз ҷиҳати табиӣ сарватманд анҷом медиҳанд.

         Бояд гуфт ки дар самти пешгирии омилҳои ифротгароёна ва оқибатҳои бади он миллат дар сурате пирӯз шуда метавонад, ки агар аксарияти аҳолии кишвар маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиву фарҳангӣ дошта, пеш аз ҳама, дар риояи меъёрҳои қонун ва нишон додани амалҳои шоистаи инсонӣ ҳар яке намуна бошанд.

        Бе муболиға, дар ин самт нақши ҷавонон ниҳоят бузург аст, чун қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд ва нерӯи бахшандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Аз ҷониби дигар, қисми ғолиби гурӯҳои ифротиву иртиҷоиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд, чун қувваи тавоно ва манфиатовар дониста мешавад.

       Бинобар ин, тақвияти ҳамкориҳо бо насли чавон, ташаккули эҳсоси мақсад гузоштан дар замири онҳо, ихтисоси имтиёзҳои муносиб ба ҷавонони лаёқатманду пешбар, тарбияи ҷавонони соҳибистеъдоду донишманд, ба назари эътибор гирифтани таклифу пешниҳоди онҳо ва мусоидат дар амалисозии ташаббусҳои ҷавонон аз тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва аз амалҳои ғайриқонунӣ дур кардани ҷавонон мусоидат намуда ҳамзамон, онҳоро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамчун ҳомиёни Ватан тарбия менамояд.

      Вақти он расидааст, ки дар навбати аввал чорабиниҳои профилактикиро мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта, баргузор намудани корҳои ташвиқотиро минбаъд аз маркази шаҳру шаҳракҳо ба ноҳияву деҳаҳои дурдаст таҳвил дода, корро бештар дар миёни нафарони аз таҳсил дур монда, шахсони фориғбол ва муваққатан бекор ба роҳ монем. Бояд гуфт, ки дар гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотӣ ба таври васеъ истифода бурдан аз востаҳои технологияҳои муосир низ мувофиқи мақсад дониста мешавад.

        Бо дарназардошти паҳлуҳои гуногуни масъала, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нақши аҳолӣ аз ҳар ҷиҳат дар самти пешгирии терроризму экстремизм ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он, махсусан оид ба ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва шахсони ҷиноятпеша, пешгирии ҳодисаҳои нохӯши террористӣ, аз роҳи бад баргардонидани ҷавонон, муҳофизати Ватан ва арзишҳои миллӣ, таъмини оромиву осудагии диёр ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят муҳим, зарурӣ, калидӣ ва ҳатто ҳалкунанда мебошад. Аз ин лиҳоз, ба ин масъала диққати махсус зоҳир намудан барои  ҷомеа ва давлату миллати тоҷик аз манфиат холӣ нахоҳад буд. 

      Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нагузорем, ки як нохалафе фарзандони миллатамонро гумроҳ намуда ба гурӯҳҳои ифродгароиву терроризми шомил намояд, мо бояд якдилона,  дастаҷамъона ва бо ҳамбастагӣ баҳри осудагии диёрамон кушиш ба харҷ намоем.

скачать dle 12.1
Просмотров: 36  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.