http://balkhi.tj/
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
8-09-2020, 08:44 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Истиқлолият шараф ва номуси ватандорӣ ва волотарин дастоварди миллӣ аст.  

     Ҳамасола сокинони мамлакат Рӯзи истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунандки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.

      Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба ташаккули давлати тозабунёди Тоҷикистон  ва расидан ба ҳадафҳои олии давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  заминаи боэътимод гузоштааст.

       Бо дарназардошти ин тамоми корҳои азимуназаррасе, ки то имруз дар ватани маҳбубамон амалӣ гардиданд, бо мафҳуми арзишманди  Истиқлолият иртиботи қавӣ доранд. 

      Дар 29 - соли соҳибистиқлолии мамлакат рушди бесобиқаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бамаротиб таъмин гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра ба пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро аз масъалаҳои меҳварии фаъолияти доимӣ қарор дода, натиҷаҳои қонеъкунанда ба даст овард. 

        Кишоварзони ноҳия истифодаи самараноки обу заминро бамаротиб таъмин намуда, бо таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия ва захираи зимистон имсол аҳлона заҳмат кашида, нишондиҳандаҳои аксари зироатҳои кишоварзиро таъмин намуда истодаанд.  

         Аз истиқлолият то истиқлолият истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии ноҳия 158, 4 % зиёд гардида,  имкониятҳои нави рушди соҳа ба миён омада истодаанд. 

         Симои меъмории ноҳия бо бунёди иншооти наву замонавӣ тарҳи худро дигар карда истодааст. Сохтмони биноҳои Китобхона ва Осорхона дар маркази ноҳия аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ, бунёди меҳмонхона ва корхонаҳои дузандагӣ дар ҷамоати деҳоти Навобод бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, бунёди чойхона бо тарҳу намои миллӣ, муассисаи томактабӣ ва варзишгоҳи замонавӣ бо 15 ҳазор ҷои нишаст дар ҷамоати шаҳраки Балх идома дошта, то соли 2021 сохтмони зиёда аз 275  адад иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода хоҳанд шуд, ки то имруз 127 адад иншоотҳои гуногун ба истифода дода шуда, дар 98 иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд. 

         Ба истиқболи 29-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Маданият нуқтаи таъмири техникӣ ва дар ҷамоати деҳоти Фрунзе майдони варзишии хурд бо дастгирии соҳибкорони махаллӣ ба истифода дода мешаванд, ки ба сокинони деҳоти дурдасти ноҳия шароити  хуби хизматрасонӣ фароҳам хоҳад шуд. 

        Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба рушди соҳаи афзалиятноки кишвар, соҳаи иҷтимоӣ низ диққати асосиро равона намудаем. Ба истифода додани биноҳои нави муассисаҳоитаълимӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳалевард, Бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Маданият, майдончаҳои варзишӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Балх ва Фрунзе ва оғози чандин иншооти соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ, ки то соли 2021 ба анҷом мерасанд,  собит менамояд, ки ин ташаббусҳо пеш аз ҳама иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар самти таъмини зиндагии шоиста ба мардуми ноҳия аст. 

          Ҳамдиёрониазиз!

        Истиқлолияти давлатӣ дар назди ҳамаи мо вазифаҳои бузургу таърихиро гузоштааст, ки ҳифзи дастовардҳои он яке аз рукнҳои асосии ташаккули давлатдорӣ аст. Дар ин робита баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ вахудшиносии миллӣ дар вазъи пуртаззоди ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим буда, ҳар як фарди соҳибандешаро водор менамояд, ки  пеш аз ҳама мафҳуми соҳибдавлатиро дарк намояд, ба қадри арзишҳои миллию фарҳангӣбирасад ва бо ин амалҳои хирадмандона рисолати шаҳрвандии худро   ифода намояд.  

        Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузург бархурдор аст.

      Имруз мову шумо вазифадорем, ки  ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ба мардум ва ҳадафҳои аввалиндараҷаи стратегии миллӣ дар шароити хеле душвори паҳншавии бемории сироятии коронавирус (covid-19) аз захира ва имкониятҳои мавҷуда босамар истифода намоем. Дар ин замина  бояд ҳар кадоми мо ба амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолият, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон  аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Ба ифтихори 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, барқияи табрикӣ ирсол гардида, тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори ин иди муқаддасу ифтихорӣ таҳният гуфтаанд. 

        Бори дигар Шумо ва дар симои Шумо тамоми хурду калони ноҳияро бо ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сидқан табрик гуфта, дар амалӣ намудани ташаббусҳои неку арзандаатон  комёбиҳо таманно дорам. 

         Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

скачать dle 12.1
Просмотров: 25  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.